Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
гуфт Мадина ва «кӯч-кӯч» гуфта чанд бор ангушташро барои холи Шодмон ниҳоду онро ба сари рухсорааш бурда холи ӯро «кӯчонд». Гӯё пас аз чанде, он дар сари рухсораи ӯ пайдо мешудааст... Шодмон намедонад, холи сари рухсораи Мадина мерӯяд ё не, вале холи ӯ ҳанӯз дар ҷояш, яъне Асрор ӯро тарк карданӣ нест. Бо ҳамин андешаҳо Шодмон риш метарошид. Мошин ғувғув бо як маром садо медод, ки дари хонааш чанд бор куфта шуд. Пас аз андаке Мадина дарро боз кард.
Шодмон мошини ришгиракашро болои пештахтаи тиреза гузошта ба пешвози ӯ шитофт, курсичаеро наздаш оварда монд.
— Марҳамат, Мадина, марҳамат, — аз омадани Мадина хоначаи «ғарибӣ»-и вай нуру сафо ёфта буд.
— Ҳамин ҳозир дар хаёлам будӣ, Мадина, — рӯ ба рӯи духтарак истод Шодмон.
— Оҳҳо, — завқ бурда, чун ҳарвақта хандид Мадина, — дар хаёли ту чӣ хел пайдо шуда будам?
— Рости гапро мегӯям, Мадина, дар оина холамро дидам, он ҳанӯз ба рӯи ту накӯчидааст-ку! Ё кӯчида бошад?
— Вай аллакай дар рӯи ман, лекин ту намебинӣ, ана, — ними рӯяшро ба ҷониби Шодмон дошт. Шодмон бовар карда аз наздиктар ба рухсораи вай назар дӯхтанӣ буд. Лекин Мадина дарҳол рӯяшро ба дигар сӯ тофта «не» гӯён часта аз ҷояш хест. — Шодмон, аз хотират набаромадааст? — чеҳраи гандумгуни Мадина, чашмону абрувонаш аз ханда дилҷӯтар гаштанд.
— Чӣ?
— Асрор? Қани вай?
Шодмон аввал мақсади Мадинаро нафаҳмид, вале дарҳол ба хотираш омад.
— Ана вай, — ҳамон холи миёни пешонаашро нишон дода, хандид ӯ.
— Ту боз ягон холи дигар дорӣ?
— Бисёр, ана... — Шодмон ба холи зери манаҳаш ишора кард.
— Медонӣ вай кадом душмани ту?
— Не.
— Сангин.
— Аз дасти вай ҳеҷ кор намеояд.
— Эҳтиёт шав, аз таги дили вай дина хабардор шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё