Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ҳам паси як миз то дергоҳ худаш танҳо нишаст, аз бекорӣ вақт мегузаронд. Ҳоло ҳам он ҷо равад, камтарак нишинад? Дилаш чизе намеҷӯяд. Таом ҳам ба вақти хушу дили беғам...
Таги дари меҳмонхона серодам буд. Бегоҳирӯзиҳо ҳамин хел: мусофирҳо ҷо меҷӯянд. Ӯ аз назди се-чор нафар пирамарди салладор, ки дар бар ҷомаҳои дароз-дароз доштанд ва аз афтош, аз деҳаҳои дуру наздики Сафедорон буданд, салом дода гузашт. Аксари ин кӯҳистониён зиндадил, одамони солиму боқувват. Шаб якеи онҳо ҳамроҳи Ӯ буд. То нисфи шаб Ӯ ба ҷойхобаш дароз кашида, ба вай аз кору бораш ҳикоят мекард. Вай аз як деҳаи дур будааст, субҳидам хеста шомгоҳ харакӣ ба Сафедорон мерасидаанд.
— Себ овардам, бачам, себҳои хубонӣ, ба фурӯш нарафт, шаб мондем,— ҳасрат мекард вай.
Шодмон калидро аз дасти пирамарди посбон гирифт-а- дари хонаашро кушод. Хона торик буд. Чароғро фу-рӯзон кард. Назараш ба кати хоби марди кӯҳистонӣ афтод. Ҷомаи кори абрешимии обшустаи ӯ болои ҷой-хобаш партофта шуда буд. Маълум, ки ӯ боз шаб мон-дааст, себҳояшро нахаридаанд. Рӯи болини Шодмон ки-тобаш ҳанӯз кушода буд. Онро имрӯз ҳам вай дили хон-дан надошт. Ӯ табақаҳои калон-калони тирезаро, ки ба тарафи дарё кушода мешуд, боз кард. Ба хона шамо-ли салқини дарё даромад. Аз оинаи қаднамо ба худаш рӯ овард. Риши ду рӯз боз натарошидааш баланд. Ху-даш аз хаёлаш рафтааст. Бо ҳамин ҳол ӯ Мадинаро ни-гарон? Айб аст... Аз нигоҳе ба риши расидаи вай дили духтар сард мегардад... Вай ҳам шуда аз таги кати хоб ҷомадонашро берун овард. Аз он ришгираки электри-киашро бароварда оинаро болои пештахтаи тиреза гу-зошта риш метарошид. Садои ғув-ғуви мошин гӯё хо-тирашро андаке осуда мекард. Назараш ба холҳои ми-ёни пешонаяш васеъ, зери манаҳаш ғалтид. Модараш ме-гӯяд: вай бачаи серхол, холи бисёр хосият надорад. Одами серхол сердушман мешудааст. Дар лабонаш та-бассум омад. Холи миёни пешониаш калонтар. Онро ӯ Асрор номидааст. Холи зери манаҳаш хурдакак, вай ка-дом душмани ӯ бошад? Як рӯз Мадина дар бораи ана ҳамин холи миёни пешонай Шодмон гап зад. Гуфт, ки холи зебо, ӯ онро ба вай диҳад. Ӯ хандида ақидаи мода-рашро ба вай ҳикоя кард.
— Ман мехоҳам душманҳон ту камтар шаванд,—

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё