Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

хеле дур ҳам онҳо чунин хаёл накардаанд, одамони имрӯзаи он низ дар ин бобат парвое надоранд. Баръакс ин сангҳо ба ақидаи мардуми Сафедорон зебу ҳусни шаҳранд. Аз поёнтари Сафедорон, аз канори кӯҳ дарёи Сафедоб мегузарад. Оби он ба номаш муносиб не, лойолуд, тира аст. Рӯзҳо нурҳои офтоб болои мавҷҳои пурлои дарё бозӣ мекунанд, мавҷҳо гӯё ба нурҳои офтоб чанг меандозанд, ба онҳо мепечанд. Дар канори дарё меҳмонхонаи нав сохтаанд. Шодмон, як шаб дар он ҷо монд. Сафедорон сердарахт будааст. Кад-қади кӯчаҳо сафедорони бисёре рустаанд, гӯё номи шаҳрча аз ҳамин дарахтҳо баромадааст. Сафедорон хеле баланданд. Дар паси онҳо девори ҳавлиҳо. Аксари хонаҳои аҳли шаҳр як ё дуошёна, дар пешгоҳи ҳар ҳавлӣ боғ, себҳо гул кардаанд. Шодмон аз дина то имрӯз борҳо аз назди ҳавлиҳо гузаштааст, ар-ару сафедорони кӯчаҳоро шумурдааст, онҳо дар ҳисоби ӯ аниқанд.

Нурҳои офтоб оҳиста-оҳиста аз болои шаҳр бардошта мешуданд. Сафедорон ба назари Шодмон дар оғӯши торикӣ мемонд. Вале ҳанӯз аз Мадина дарак набуд. Роҳи Мадинаро мепоид. Ва дилаш ҳиҷилтар мегашт. Аз миён ду рӯз гузаштаасту ҳанӯз дар хусуси оқибати бори мошин дуруст фикр накардааст. Ба хаёлаш ҳеҷ воқеа рӯй надодааст. Аз чӣ дили вай ором аст? Аз он ки моли давлат гум шуд? Дуруст. Агар мотоциклҳоро бо пули меҳнатии худаш мехариду онҳоро дузд мебурд чӣ? Аҷаб не, тамоми шаб хобаш намеомад. Вале ҳоло барои гум шудани бори мошин аз ӯ дида муфаттиши шӯъбаи милиция Саид Аброров дар таҳлука аст. Аз фикру хаёл, кори зиёд, чеҳрааш коҳидааст. Шодмон чӣ? Бепарвост. Рафиқони вай борро ба манзил расонданд, ба база бармегарданд. Дар база бовар карда, ӯро ба Помир фиристода буданд. Хабар ба он ҷо ҳам расид. Саид Аброров аз ӯ мепурсад, ки чаро аз миёни ҳамроҳонаш бори ӯ гум шуд? Ҳоло вай ин саволро ба худаш медод? «Чаро бори мошини ман гум шуд?» Оқибаташ нағз намешавад. Дар хонаашон чӣ тавр ин хабари нохушро мегӯяд? Асрор шод мешавад. Остон Ваҳҳобович ҳам роҳи замонкӯтоҳ шудани вайро меҷуст...

Шодмон бо хотири ошуфта ба меҳмонхона омад. Чанд қадам онсӯтар одамон дар чойхона гирди мизҳои таги дарахтон нишаста, чой менӯшиданд. Аз дина то ҳол ӯ чанд бор он ҷо буд, таом хӯрд, чой нӯшид. Шаб

пешина
аз 399
навбатӣ