Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

монда лаби онро кат кард ва андешаманд бархост. Вақте меҳмонҳо рафтани шуданд, мӯйсафед Шодмонро аз роҳаш нигоҳ дошт:
— Бачам, агар ҳамин ҷо бошӣ, хона биё, шарм надор, зик нашав...— боз таъкид намуд.
Аз Кабудҷар то Сафедорон бо мошин қариб яксоата роҳ буд. Вале капитан Саид Аброров дар ин муддат ҳарфе ба забон наовард. Роҳҳои пасту баландро гузаштанд. Дараҳои сердарахт, шаршараҳо ақиб монданд.
Вале хаёли Саид Аброров ба онҳо банд намешуд. Гузаштани вақт ба фоидаи ӯ набуд. Аз ҳар соату лаҳза ҷинояткор бурд мекунад, баъд ҷустуҷӯ душвор мегардад. Агар дар ҳамин соатҳо ӯ Асрорро меёфт... Чаро бо як мошини калонаш вайро пайдо карда наметавонанд.
Аҷаб не, ҷустуҷӯи ӯ бефоида бошад...
Саид Аброров ба хулосае омада буд ӯ не, вале ба шӯъбаи милисия расидан замон аз мошин фуромада, ба Шодмон ишора кард, ки биистад. Вай хеле гарм шуда буд, ки шапкаашро аз сар гирифта, болои капоти мошин гузошт. Самолёте аз болои Сафедорон баландтар аз қуллаҳо парвоз дошт. Дар рӯзи ҳавои софи беғубор садои ғурроси он ба гӯши кас форам мерасид, самолёт ҷониби Помир равон буд, ки Мадинаи Шодмон онҷост. Вай имрӯз бармегардад, аҷаб не, ҳоло дар роҳ аст. Ӯ дасташро аз кисаи нимтанаи чарминаш гирифта, ба вай бо ишора «хайр, туро хабар мегирам» гуфта буд. Мадина имрӯз меояд.
— Шодмон, — овози Саид Аброров ба гӯшаш расид.
Шодмон ба рӯи вай назар афканд. Гӯё ҷароҳати рӯи ин одам дигар ба чашми ӯ намеафтод. Ҳа, чеҳрааш ба монанди бори аввал ба вай вохӯрданаш хунук набуд.
— Ба ту ҷавоб, рафта аз базаатон характеристика биёр,— гуфт капитан ва боз фармуд, ки агар дар куҷобудани Асрорро фаҳмад ба ӯ хабар диҳад, Аброров дар як варақ рақамҳои телефонашро навишта ба вай дод Рӯз бегоҳ мешуд нурҳои офтоб болои қуллаҳои баланди кӯҳро зиннат медоданд. Ба нисфи шаҳрчаи Сафедорон соя афтода буд. Тарафи дигари он офтоб. Ба хотири Шодмон афсонаҳое меомаданд, ки дар онҳо як ними шаҳр шабу ними дигараш рӯз тасвир мешуданд.
Худи Сафедорон ҳам ба назари Шодмон шаҳри аҷоиб менамуд. Ба куҷое нигарӣ — кӯҳ. Сангҳо болои сар овезонанд. Вале касе аз аҳолии шаҳр фикр надорад, ки яке аз онҳо болои шаҳр меафтода бошад. Дар гузаштаҳои

пешина
аз 399
навбатӣ