Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— аз он ки аз як тараф чархҳои мошинро оби Хингоб шуста мегузашт, тахмин намуд ҳамон муфаттиши ҷавон.

— Не, вай ба мақсади ҳамин хел фикр пайдо шудан мошинро лаби дарё овардааст, ҷинояткор гурги бор-ондида, — ақидаи худро қувват дод муфаттиш. Бо фар-моиши ӯ нақшаҳо кашидаанд, мошин ва гирду пеши он-ро сурат гирифтанд. Баъд мошини Шодмонро, ки ра-мааш шикаста буд, аз ҷои дармондааш бароварда бо мошине то назди чойхонаи бобои Умархон оварданд. Бобои Умархон лангон-лангон назди онҳо омад. Набе-рааш Солеҳ барои Шодмону ҳамроҳони вай болои як ка-ти хурдтари назди ҳавз ҷой густурд, нону чой, хӯрок овард.

— Шодмон, бубахш, аз заб туро хабар гирифта на-тавонистам... Зиқ нашав, борӣ мошинро меёбанд, ин хел воқеа дар ҷойҳои мо рӯй надода буд... — бобои Умар-хон гӯё фарзанди роҳдури худро дида буд, ки пеши Шодмон истода, сари ӯро сила мекард.

— Бобо, шумо Шодмонро мешиносед? — пурсид му-фаттиш, ки ба онҳо диққат медод.

— Ҳа, бачам, ман ҳамаи инҳоро мешиносам... Шод-мон бачаи нағз аст,— гуфт пирамард.

— Шумо, дар базаи инҳо посбон будед-а?

— Ҳа, ҳамаи одамони базаро медонам.

— Асрорро ҳам медонед?

— Асрор? Дар база ҳамин одам ба ман нафорид. Чандин бор суд шуда баромад, асло аз бадиаш наме-монад. Агар ман намебудам, Шодмонро вай ба як ба-лое мепечонд, ки эҳа... — Пирамард воқеаи ба моши-ни Шодмон кунҷора бор карда мондани ӯро ба Саид Аброров нақл кард. Муфаттиш гуфтаҳои бобои Умар-хонро бо нақли Шодмон хаёлан муқоиса менамуд.

— Вай одам бало аст. Як аз паятон ғалтод, тамом, ҳатман зарараш мерасад.— Бобои Умархон воқеаи чӣ тавр ба воситаи шофёри «бечораҳол» ба бало гириф-тор шудани директори база Фахриевро ҳам ба муфат-тиш фаҳмонд.

Аз сӯҳбат бо бобои Умархон нақшаҳои Саид Абро-ров дар хусуси ҷустуҷӯи бори мошин тағйир меёфтанд. Аз ҷумла тахмини вай аз ҷиҳати ба дуздӣ ҳамроҳ бу-дани бобо ба назараш ғалат намуд. Бобо дигар хел одам будааст. Вале, ба ҳар ҳол, кӣ медонад... Муфат-тиш бурдаҳои нони пешаш гузошташударо миёни дастарҳон

пешина
аз 399
навбатӣ