Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Аввали баҳори умри ӯ сар шудааст, аввали баҳори умри Мадина ҳам.

Муфаттиш такроран аз Шодмон хоҳиш мекард, ки дар бораи Асрор, дар хусуси Сангин бештар гап занад.
Ӯ нақли Шодмонро дар бораи ин ду ҳамкораш бодиққат шунида ба андеша меафтод. Бо нӯки хома болои миз тик-тик зада гӯё кадом як оҳанги ба дил наздикашро менавохт. Ин садо аз утоқи хурдакаки ӯ берун мерафт: «тик-тик-тик»...

Шаб боз ӯ Асрорро меҷӯяд. Ба базаи мошинҳо «Селхозтехника» ду бор бо телефон гап зад. Асрорро пурсид. Гуфтанд, ки ба Қӯрғонтеппа, ба заводи нуриҳои азотии Вахш бор бурдааст. Ба ин ҷо ҳам таъҷилӣ занг зад. Борашро супурда баргаштааст, мегӯянд, ки дар база нест, куҷо бошад?

— Мошин ҳоло дар куҷо? — пас аз хомӯшии бардавом пурсид муфаттиш.

— Кадом мошин? — хаёли Шодмон ба худ набуд.—
Ҳа, мошин... Дар Кабудҷар.

— Меравем, ҳамроҳ меравем, — муфаттиш пеш аз он ки ба роҳ барояд, боз Асрор пеши рӯяш омад. Ӯ алҳол дар куҷо бошад? Ба Шодмон фармуд, ки вайро дар берун, дар роҳрав нигарон шавад. Барои ӯ аз ҷустуҷӯи Асрор кори заруртаре набуд. Ба идораҳои дахлдори марказ, ба Душанбе бо телефон гап зад, рақами мошини Асрорро гуфт, аз кормандони БДА, милисаи вилоят хоҳиш намуд, ки мошини ӯро ҷӯянд. Гӯё дар тамоми ҷумҳурӣ ҷустуҷӯи мошини Асрор сар шуда буд.
Вай мехост Сангинро ҳам пайдо кунад. Чаро вайро дарҳол ҷавоб дод? Он вақт кӣ будани ӯ барои капитан Саид Аброров тира буд, гапу корҳо баъд равшан гаштанд...

Саид Аброров Шодмонро ҳамроҳ гирифта, бо чанд нафари дигар ба Кабудҷар омад. Мошини Шодмон ҳанӯз дар гардиши Санги Кабуд, дар канори дарё меистод. Гирду пеши онро кормандони милиса, худи Саид Аброров аз назари таҳқиқ гузаронданд. Ақаллан изи пои ҷинояткор пайдо набуд.

— Магар онҳо ба замин по намондаанд? — тааҷҷуб намуд як муфаттиши навкор.

— Ин одам пухта, ғамашро хӯрдааст,— гуфт Аброров.

— Аҷаб не, мотоциклҳоро ба дарё партофта бошанд. Агар мақсад душманӣ бошад, ҳамин тавр ҳам мекунанд,

пешина
аз 399
навбатӣ