Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Мотоцикл, мотоцикли «Урал», бори бад не, азоб надорад...
Дар ҳақиқат гапи Сангин рост баромад. Бегоҳ ҳамай шофёрҳои ба Помир мерафтагиро ба идораи инженери бехатарии техники чеғ заданд. Ба онҳо як олам маслиҳат доданд. Дар миёни онҳо як Шодмон бори аввал ба Помир мерафт. Инженер аз хусуси ӯ ба ҳамроҳонаш таъкид кард, ки ба вай ёрӣ расонанд, аз ӯ ҷудо шуда дур нараванд.
Ҳамин тавр буд воқиа.
Муфаттиш аз пагоҳӣ интизори Шодмон менишаст. Ва ана ҳоло вай гӯё китоби умрашро дар пеши Саид Аброров варақ мезад. Ҳамагӣ дар давоми як соли умраш аз як фасли баҳор то баҳори дигар дар база аз сари Шодмон чӣ рӯзҳо ки гузаштанд! Хурсандӣ, шодӣ, нохушӣ, хархашаҳо... Охири охирон гум шудани бори мошин. Умуман вай аз деҳа дур шуду ҳаёташ ноором гашт. Ҳамааш аз он рӯз сар шуд, ки база омад, мошин гирифт...
Шодмон дар ферма ҳам кор кард. Кор мерафту хонаашон меомад, кампири Ҳасратбегимро медиду чӯпони куҳансол Ҳасанхонро. Мӯйсафед баъзан ба вай саргузаштҳояшро нақл мекард. Дигар ташвише надошт Шодмон.
Падараш ба вай аз ин ҳам кори беҷанҷолу осудатаре ёфта буд. Гуфт, ки бо мудир гапзанон кардааст, ҳамроҳи ӯ таёқи чӯпонӣ ба даст гирад, аз паси гӯсфанд равад. Падар баъд дар васфи дашту саҳро суханҳо гуфт: оби ширини чашмаҳои таги кӯҳҳо роҳати ҷон. Рӯи таҳтасанге нишинию найи чӯпонӣ ба лаб ниҳӣ, чӣ роҳате! Офтоб ба рӯят механдад, садои обшорон, чаҳ-чаҳи булбулонро мешунавӣ, сабзаю себаргаҳо пойандозат, туву олами кабудизор... Аз болои сарат села-села паррандагон парвоз мекунанд. Магар аз ин ҳам рӯзҳои хуштар мешаванд... Падар рост мегӯяд, кори ӯ олами осудагӣ, танҳоӣ...
Хайр агар ӯ ба ин база ба кор намеомад-чӣ? Мадинаро медид? Бобои Умархон одами хуб будааст.
Бегоҳ Саид Аброров ба Шодмон гуфт, ки пас аз як-ду ҳафта ба бистуяк медарояд. Ҳоло вай ҷавон, мегӯ-янд, ки ҷавонӣ баҳори умр аст. Рост мегӯянд, баҳор аёми гулҳо, аёми таровату зебоӣ, аёми тундар, селобаҳо...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё