Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

барин мешуд... — дар лабони Сангин табассум омад.
Акаи Асрор мақсади Сангинро фаҳмид.
— Аз дасти ман ҳар кор меояд, Сангин. Як муштам кифоя, ки дунё ба назараш чапаю роста шавад, якумр равшаниро дида натавонад, — бо тамкин гуфт акаи Асрор. — Лекин ин кор гурехта немеравад. Ин хел корҳоро ман дар давраи бачагиам мекардам. Ҳоло ман бо дигар роҳ мезанам, чунон мезанам, ки нафаҳмида мемонад, ки ӯро кӣ зад. Ту ҳоло бачай, Сангин, бача. Ту аз гапҳои ман набаро. Ман беҳуда намегӯям, худатро ба ҳазор азоб мону бо вай дӯст шав. Гап гир, гапҳои вайро ба ман омада гӯй, як рӯз мебинӣ, ки чӣ хел ман вайро ба дами марг мебарам.
— Дер нашавад мегӯям, ака, — Сангин дар ғами Мадина буд.
— Парво накун, вай аз дасти ман халос намехӯрад.


Шодмон ба таги мошинаш дароз кашида, баъзе мурватҳоро тоб дода сахт мекард.
— Шодмон, шодиёна деҳ. Помир меравем, — гуфт Сангин аз куҷое назди ӯ пайдо шуда.
— Кӣ гуфт?
— Диспетчер. Ту, Мадина, ман, боз ду нафари дигар.
— Хайр, фиристанд, меравем.
— Мефиристанд, ин омади кор, мешӯем, ба осонӣ халос намешавӣ, — Сангин худро бениҳоят хурсанд вонамуд кард.
— Шустан бошад, мешӯем, — гуфт Шодмон.
Дар ҳаёти ҳар як шофёр бори аввал ба Помир сафар кардан ҳодисаи бениҳоят хурсандиовар ҳисоб меёфт. Ҳамаро ба ин роҳи пурхатар намефиристананд. Онҳоеро мефиристананд, ки ба боварӣ даромадаанд, пухта шудаанд. Як ақидаи дигаре ҳам дар миёни шофёрҳо мавҷуд буд: касе даъвои мошини нав мекард, ба ӯ мегуфтанд, ки ақаллан як бор Помир рафта ояд. Яъне касе, ки ба Помир рафта неомад, аз ҷумлаи шофёрҳои баобрӯ ҳисоб намеёфт. Аз ин рӯ ҳар шофёре, ки ба ин роҳ бори нахуст сафар мекард, бояд ба рафиқон зиёфат медод. Ҳамин хел рӯзи хуш ба сари Шодмон ҳам омад.
— Чӣ бор мекунем? — пурсид Шодмон.

пешина
аз 399
навбатӣ