Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ин хонаҳо ба Мадина насиб шавад, кош ба онҳо ҳамин духтараки хушрӯ даробаро кунад. Кош рӯзе шавад, ки Сангин аз кор ояду Мадина аз ин хонаҳо бо лабони пурханда пешвозаш гирад. Ҳамаи ин орзуҳои вай амалӣ мешаванд, лекин ба як шарт — ҳамин писари чӯпон абадтоқ бошад... Ҳамин рӯз дер аст, ки ба ин кор ҷандала намояд, кас ба роҳи бад афтад, ҳар чӣ мекунад. Ё гирад худи акаи Асрорро. Магар ӯ бо як Шодмон ҳисобӣ карда наметавонад? Метавонад, хоҳад коре кунад, ки мурдаи ӯро зоғу занбӯрҳо хӯрда раванд. Аз рӯи шунидааш вай ҳамин хел корҳо кардааст.
Як рӯз як марди ҳузарби солхӯрда чӯби дарозе дар сари китф ба база омад.
— Ҳа, Ашӯр, Ашӯрхон, боз пода гурехт? — хандида аз вай пурсиданд шофёрҳо.
— Пода? Ҳе, ҳе, аз дасти Ашӯр ҳад дорад дур равад, бегоҳ аз адирҳои Яман ҳай карда бо баҳри Сиёҳ гузаронда, дар чанд курорт дам дода будам. Ана онҳо, инҳо бузҳои ман! — Ашӯр бо таёқаш қатори мошинҳоро ишора карда қиқир-қиқир хандид ва дарҳол гирён-гирён ақиб гурехта фарёд зад, ки аз замин, аз таги пояш ким-чизе баромада вайро қасди хӯрдан дорад.
Як шофёр дар бораи Ашӯр ҳикоя карда гуфт, ки ӯ девона набуд. Як вақте шофёри базаи онҳо будааст, одами хуб, ҳақиқатҷӯ. Ҳамон рӯзҳо акаи Асрорро дар база нав ба кор гирифта буданд. Авбоши гузаро. Ҳамин Ашӯр дар чанд маҷлис ӯро дузду фиребгар гуфта захми забон задааст. Рӯзе ногоҳ бо айби акаи Асрор мошинҳои онҳо бо ҳам бармехӯранд, мошини Асрор маҷақ мешавад. Асрор, ки пеш ба Ашӯр ғазнадор будааст, ба ӯ дармеафтад, даррандавор ӯро хӯрда, партофтан мехоҳад, дар охир калиди калони мошинро гирифта ба сари ӯ медаваду корашро тамом мекунад. Аз зарбаи сахт вай ба худ намеояд, девона мешавад. Ашӯри девона ном мегирад...
Имрӯз акаи Асрор чаро дар ҳаққи Шодмон ҳамин хел корро раво намебинад? Агар хоҳад метавонад, Сангин ба ӯ умед бастааст.
— Сангин, ту ноумед нашав, додар, ба ту ман ҳар вақт ёрӣ расонда метавонам, — тамоман рӯҳафтода шуда мондани ӯро дида гуфт тасаллиомез Асрор.
— Ака, умеди ман ба шумо, ман шуморо гуфта дар ҳамин база ба кор даромадам, ман аз маслиҳати шумо берун намебароям. Агар ҳамин одам, ака Ашӯрдевона

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё