Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
навиштанд. Имрӯз боз вайро Шодмони ҷӯрат дар газета таъриф кардааст.
— Ака, ҳамин гапатон ба ман сахт мерасад. Ҳар чӣ шумо гӯед, ман не намегӯям, лекин маро аз ҳамин вазифа озод кунед, дигар наметавонам, бовар кунед. Баъд...
ҳеҷ фоида надорад, — табъи Сангин хиратар шуд.
— Айби худат, қаҳри маро набиёр, Сангин, айби худат, — такрор кард акаи Асрор. — Аз ӯҳдаи ҳеҷ кор намебарои ту, сустӣ, гӯлӣ, беақлӣ. Ҳамаи касофатиҳо аз пои ту хесту. Гуфта будам, ки розӣ нашавад, лозим не, — воқеаи нохуши гузаштаро ба хотир оварда алами акаи Асрор омад. — Ту гуфтӣ, ки розӣ аст, домани мана бо чормағзи пуч пур кардӣ. Баъд вай кунҷора фурӯхт?
Мо вайро ба дами ҷарӣ бурдани будем, аммо ӯ худамонро ба ҷарӣ афканд. Хуб кард, қандаша хӯрад, ба одами зирак, дӯшман ҳам ки бошад, офарин мегӯям ман. Худи ман лағжидам, бечора мӯйсафеди Абдуҷаббор суд шуд, туро бо ҳазор азоб халос кардем. Бо ин аҳмақият боз ту чӣ мехоҳӣ? Ту аз ӯҳдаи ҳеҷ чиз намебарой, аз Мадина ҳам маҳрум мешавӣ. — Акаи Асрор ба коре даст назада даст дар киса гирди мошин мегашт.
Ӯ аз қадамзанӣ бозистода, болои сари Сангин омад.
Дастони Сангин суст шуда дигар маҷоли тоб додани мурват надоштанд. Вай аз Мадина маҳрум мешавад?
Ҳамаи ин аз рӯи гапи акаи Асрор, ки мегуфт: сабр кунад? Нақшаҳои воҳиманоки ӯ бебақо буданд? Вай ба ҳамаи озору азиятҳо тоб меорад, вале ба ҷуз маҳрум будан аз Мадина! Як соли дароз ҳамроҳ дар сафарҳо буданд, лабхандҳои ширин ҳадяаш кард, шӯхиҳояшон аз ёди ӯ немеравад. Боре ба Мадина гуфт, ки ҳамхона шаванд. Духтар сар ба пеш афканд, сукуташ аломати ризо буд, сад дареғ, ки ҳамон шабу рӯз аз паи тӯй нанашуд. Шодмон, ки ҳоло акаи Асрор ӯро «ҷӯраат» гуфт, орзуҳои вайро барбод дод. Ин одам дар назари Сангин аз хуку хирс ҳам шум асту акаи Асрор талаб дорад, ки бо ӯ худро дӯст, бародар вонамуд созад, баъд ӯ чӣ корҳое дар ҳаққи вай карданӣ будааст. Нигоҳ кунад, ки кай думи уштур ба замин мерасад! Паи ин хел ваздаҳои дур гаштан бас! Бас!! Ба вай ҳеҷ чиз лозим не!
Мадина, ки аз даст рафт, акаи Асрору Шодмонро сару равганашон. Ӯ ҷон канад барои Мадина меканад, зиндагӣ гӯяд, ба хаёли ӯ мегӯяд. Дар поёни боғашон хонаҳои нав сохт. Агар ҳар хиште монд ба ин бино, ба хаёли Мадина монд. Арӯсхонааш ба номи ин духтар. Кош

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё