Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Ваҳҳобович гуфтанӣ буд, ки вайро шахсан ӯ аз кор ронда наметавонад, вай пул дода ба кор даромадааст, вале алҳол ӯ боз истиҳола менамуд.
— Осон, ман шуморо аз кор пеш мекунам, лекин саросема намешавам, фикр кунед.
— Ман дигар фикр надорам, — гуфт Шодмон.


Шодмон аз гуфтугӯи Асрору Сангин, ки баъди аз назди директор баромаданашон ба амал омада буд, огоҳ набуд.
Асрор имрӯз ҳам ба ягон ҷо нияти сафар надошт, мошинашро соз карданӣ буд. Сангин ҳам ба ӯ ёрӣ мерасонд.
— Ариза навиштед? — Сангин хам шуда як калиди мурваттобиро аз байни калидҳо кофта ёфт.
— Ҳа, навиштам, — даст афшонд акаи Асрор.
— Ин одам ҳеҷ кор карда наметавонад, метарсад, — гуфт Сангин.
Акаи Асрор ҳам дар ҳамин ақида буд. Ӯ дар давоми солҳои зиёди кораш чандин директорро дидааст. Курсии мансаб аз сарашон монд. Лекин ягон нафарашон ба монандӣ ҳамин Остон Ваҳҳобович ин хел шайтонсурат набуд. Одами ноустувор. Лаҷомаш дар дасти ҳар кас, ба ҳар тарафе тобанд, меравад. Як одами калону ба доираи Асрор ҳам мерақсад. Ҳамаи ин аз безардагӣ, аз он ки тарсончак аст. Аз Шодмон, ҳатто ҳо ана аз он Мадина, ки ҳанӯз роҳи рафтанашро намедонад, метарсад. Вагарна вай аз пеши худаш ба милисия хабар дода, як базаи калон, одамони бисёрро дар кашокаш меандохт? Ун маслуқи Умархонаш-ку ҳамаро дар бузакбозӣ андохт. Хайрият вай рафт. Набошад ҳамин гапи кунҷора овозаю дарвоза шуда, ба марказ ҳам мерасид. Сад бор дари идораи милиция рафта талаб мекард, ки Асрор беҷазо намонад, вайро қаво кунанд, боз ҳазор гапи дигар. Ҳамаи ин аз сустии директор, посбон ҳам соҳиби гап.
— Шунидам бобои Умархон рафтааст? — гуфт Сангин.
— Ба нафақа баромад. Дина маҷлис шуд. Як тӯй барин ҳангома карданд. Концерт шуд, кино оварданд. Баъзеҳо қариб гирья карданд, ки ҳайф, бобо меравад, хандаам омад. Ба вай қолин доданд, ба номаш мошин

пешина
аз 399
навбатӣ