Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳисоб мекунанд. — Овози вай хеле паст шуд: — Лекин як роҳи нағз ҳаст. Биёед, беҷазо шуморо ба ягон базаи дигар гузаронам. Ин ҳам як некӣ-дия. Чӣ гуфтед? Телефон кунам? — сардор гӯшаки телефонро гирифт.

— Ташаккур, Остон Ваҳҳобович, ташвиш накашед, ба ман некӣ накунед, ман ба ҳеҷ ҷо намеравам, агар хоҳанд ҳам, — Шодмон аз навиштаҳои Асрор, ки директор онро миёни ангуштонаш сахт дошта буд, нигоҳашро нагирифта ғазабаш омад.

— Ман ба шумо некӣ кардан мехоҳам, мулло Шодмон, бовар кунед, — директор гӯшаки телефонро ба ҷояш монд.

— Пушаймон мешавед, оқибаташро фикр кунед, — боз насиҳат кард Остон Ваҳҳобович, — Асрор гурги борондида, аз дасташ ҳар кор меояд. Боз дар сари ҷаҳлаш ягон кор накунад мегӯям, бехабар мемонед. Мегӯянд-ку, битарс аз одаме, ки аз худо наметарсад.

— Ман аз вай чиба метарсидаам? Мо ҳам дар қишлоқ кам нестем, — якбора ин суханҳо ба забонаш омаданд.

— Ана, дидед, худатон қоил шудед, мардак рост мегуфтааст, даву ғеҷаш ҷон доштааст, беҳуда гирыяю нола намекардааст. Ман акнун маҷбурам, ба аризаи ӯ аз рӯи қонун ҷавоб гӯям, — Остон Ваҳҳобович аз он ки дилхун шуда ба ин одам бо нағзӣ гап фаҳмонданӣ шуд, пушаймон гашта варақҳои қоғази дасташро болои миз ҳаво дод.

— Ҷазо диҳед, — Шодмон паст наомад.

— Саросема нашавед, — Остон Ваҳҳобович бо аксари тобеонаш аввал ба нағзӣ гап мезад, вале чун медид, ки муроде ҳосил намегардад, дӯғ мезад. Аммо дар масъалаи Шодмон ӯ ин хел кардани набуд. Вай бачаи аной не, мешунид, ки ба газетаҳо ҳам менависад, инчунин худаш дар назди вай забонкӯтоҳ буд. Ният дошт, ки бо хубӣ кафшҳояшро пеш мегузорад, аз рӯи ҳикмати «ҳам лаъл ба даст ояд, ҳам ёр наранҷад» амал мекунад. Лекин хунсардии Шодмон ғазабашро оварду худро гум кард.

— Аз кор намеравам гуфтед?

— Ҳа, рафиқ Остон Ваҳҳобович, гуфтам, ки ман аз кор намеравам.

— Эҳа, агар ман, директори база фармон диҳам, кафшатонро монда патакашро гирифта мегурезед.

— Аз кор пеш кардан осон не! — Шодмон ба Остон

пешина
аз 399
навбатӣ