Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Директори доме ба хаёл рафт. — Ана имрӯз ҳам боз гап, гапи ганда. Шумо аъзои комсомол-а?

— Ҳа, аъзои комсомол.

— Ана дидед, бисёр нохуб...

Шодмон аз суханҳои сарбастаи директор дар як дам ба ҳазор кӯчаи хаёл рафт. Чӣ гапи ганда шуда бошад, дар чӣ хусус? Вале напурсид Шодмон. Чизе дар дег бошад, ба кафлез ояд.

— Дар қишлоқ чӣ гап? — Бо овози нарм аз ӯ пурсид директор.

Шодмон дам назад, Остон Ваҳҳобович давом намуд:

— Шумо дар қишлоқ ҷанги калон хезондед, чанд кас маъюбу маҷрӯҳ шуданд. Магар ин корҳо хубанд?
Бо маслаҳат ба сари як кас давидан ҷинояти ганда аст, ҷазои сахт медиҳанд, суд мекунанд... Ба фикрам, аллакай ба органҳои дахлдор маълум шудааст, ба ман аз як ҷо телефон ҳам шуд, рӯямро сиёҳу сафед карда дар ҳаққи шумо суханҳои нағз гуфтам. Лекин гапҳои сахт шунидам. Талаб карданд, ки ба шумо ҷазо диҳям.
Гӯшро ба карӣ зада гашта будам, ки аз болоятон ана ин ариза омад. Акнун кадом як гуноҳи шуморо ман пӯшонда метавонам? Ман ҳам дар назди қонун ҷавобгарам, як сар дорам. — Остон Ваҳҳобович аризаи Асрорро аз болои миз ба даст гирифт.

— Акаи Асрор ариза навиштагист? — бо заҳрханд
гуфт Шодмон.

— Чӣ Асрор ҳақ надорад, ки шикоят кунад? Дар назди қонун ҳама баробар. Агар баъзе гуноҳҳои пешинаи вайро дар назар дошта бошед, мардак ҷазояшро дид, ислоҳ шуд. Имрӯз, ки пояш сӯхтааст лаби об медавад. — чеҳраи директор тағйир ёфта аз қошу қавоқаш гӯё барфу борон мерехт.

— Дуздию пешхезиаш ҳамин, рафиқ Остон Ваҳҳобович... Дар қишлоқ ҳам худи ӯ ҷанҷол бардошт.

— Баъд шумоҳо, ними қишлоқ ба сари вай хестед?

— Пеши ҷанҷолро гирифтанд, хайрият ягон гап нашуд. — Шодмон ба Остон Ваҳҳобович воқеаро ба тафсил нақл кард.

— Ба ҳар ҳол, додар, мегӯянд-ку шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад, — бо нармӣ боз ба сари мақсад омад Остон Ваҳҳобович. — Мо аз ноиложӣ ба шумо ягон ҷазо медиҳем. Ҳамин хел накунем, намешавад.
Аз рӯи ман ҳам менависанд, навис-навис мекардагиҳо дар базаи мо аз мӯи сар зиёд, қадами мемондагии одамро

пешина
аз 399
навбатӣ