Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳа Асрорҷон, ин хел ҷанҷоли аҳмақона баромаду масъалаи туро фаромӯш кардам. Ту як ариза навис, шоҳид нишон деҳ. Аз рӯи қонун шавад, беҳтар, ман вайро аз кор пеш мекунам. Лекин насиҳати ман ҳамин, ки додар, фикрҳои беҳударо аз сарат дур кун, ҳоли замона ганда, синну солат ҳам рафтааст, ғами кӯдакҳояш хӯр, дигар ту ҷавон не...

— Гоҳо, ака, шайтон бардор мекунад, ки рав, корашро тамом кун. Охир барои ман қава шудан ҳеҷ гап не, чанд бор шишта баромадам. Мо он ҷо шоҳ, ака, лекин ҳамин гапҳои шумо пеши роҳамро мегирад, — гуфт Асрор аз ҷояш рост шуда.

Остон Ваҳҳобович дар идорааш танҳо монда буд. Паси дар зердастонаш дар навбат буданд. Вале ӯ дигар онҳоро қабул карда наметавонист. Дилаш сӯрохи сӯзан барин танг шуда буд. Якбора ба сараш ғаму алам омад, гапи кадом як Шодмон. Айби худаш, дили одаткарда... Гоҳо аз як кас ним кас пул мегирад. Ана оқибаташ, гап шуда будааст. Гап бошад, по дорад, ба идораҳои боло меравад. Аз ин бача халос шудан лозим. Баҳона ҳаст. Асрор аз болояш навишт. Нағз... Ӯ аризаи Асрорро як бори дигар хонд, ба зери калимаҳои алоҳида бо қалами сурх хат кашид. Баъд котибаро даъват кард. Гуфт, ки Шодмонро пеши ӯ ҷеғ занад.

Шодмон ҳоло назди ӯ нишаста буд.

Директор қуттии сигаретаро ба болои мизаш, ки ба қабати коғазу дафтарҳо афтода буд, бардошт.

— Марҳамат, — онро тарафи Шодмон дароз кард.

— Мебахшед, ман намекашам.

— Накашида бошед, нағз, ин ҳам як дарди сар, — гуфту худ сигаретро гирифта миёни лабҳояш бурда оташ дод. Ниҳоят оҳистамона гап сар кард: — Хайр, мулло Шодмон. Корҳо чӣ хел? Аз афташ мошин бисёр ғам медиҳад. Ҳа, медонам, кӯҳна, шалақ шудааст, кайҳо аз баҳри ӯ баромадан лозим буд, — гуфт директор.

— Мошин намешавад, Остон Ваҳҳобович, дар байни як моҳ ду бор мотор соз кардем, — шикоятомез гуфт Шодмон.

— Мо шумоя фаромӯш накардем, мулло, — директор хурсанд буд, ки Шодмон ба ӯ арзи дил мегӯяд, — ният буд, ки — гуфт ӯ, — ҳамин шабу рӯзи наздик ба шумо мошини нав диҳем. Дар ин масъала аллакай қарор ҳам буд... Лекин якбора дар бораи шумо гап бисёр шуд,

пешина
аз 399
навбатӣ