Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
бехабар, ба ман маълум накардед. Боз шумоҳо ҳамаатон аз як қишлоқ, аз як решаю гӯша...
— Ман дар ҳамон қишлоқ ҳам аз афти вай безор будам, ана ҷӯрааш, — Асрор Сангинро нишон дод.
— Ҳоло, амакӣ, ба шумо ҳам вай часпидааст, — гуфт Сангин.
— Ба ман? Ба ман чӣ даъво доштааст?
— Гапи ҳамон пулро баровардааст, амакӣ, — Сангин аз рӯи эҳтиром ба Остон Ваҳҳобович ҳамин тавр муроҷиат мекард.
— Кадом пул?
— Ҳамон чор сӯми ҳароми вақти ба кор даромадан додагиашро мегӯяд, — гунаҳкорона гуфт Сангин. — Дар пеши худию бегона лақида гаштааст.
— Бача, ту шӯхӣ дорӣ, ё рост мегӯӣ? О, ҷони ман чандто, ки аз як кас пул мегирам, пул гирифта ба кор қабул мекунам. Ту ин хел нагӯӣ, — Остон Ваҳҳобович ба даҳшат афтод.
— Охир, амакӣ, ман худам дар ҳамин кабинетатон оварда дода будам, қарибиҳои бегоҳӣ, — Сангин он рӯзро ба хотири директор овардан мехост.
— Ту ҳамин зайл шоҳидӣ медиҳӣ?
— Не, амакӣ, ман шоҳид нею ҳамон гапро гуфта истодаам.
— Беҳуда налак, бача, байни ману ту ҳеҷ сирре набуд, мардумро ба шубҳа наандоз! — Остон Ваҳҳобович пас аз фосилае боз гуфт: — Ба — «ин ё он пул» гуфтанат, вале ман намедонам он чӣ пул аст, лозим ояд, худат ҷавоб мегӯӣ. Ман аз дасти ту ҳеҷ вақт ягон тин нагирифтаам, тӯҳмат накун. Аҷаб не, аз номи ман худат аз ягон кас пул гирифтӣ. Вақташ ояд, пурсу санҷ шавад, ҷавоб мегӯӣ. Хубаш, ки дам шин!
— Охир, амакӣ... — Ҳангу мадори Сангин канда буд.
Вай мехост барои исбот сухане гӯяд. Аммо директор пеши даҳонашро гирифт.
— Ба ту ҷавоб, баро! — гуфт бо зарда.
Сангин бо рангу рӯи канда аз кабинети директор берун шуд. Вале Остон Ваҳҳобович ҳанӯз ба худ намеомад. Чаро аз дасти ҳамин бефаросат ӯ ҳамон чор сӯми сабилро гирифт? Даҳонаш бефаровез будааст. Боз дар пеши як одаме лақида истодааст, ки бо ҳамин баҳонаҳо сари як директорро хӯрдааст. Ба сари рухсораҳои сергӯшту сурхи Остон Ваҳҳобович донаҳои арақ ҷарчон шуда буданд. Вай пас аз хеле сукунат гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё