Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Ака, ҳамин сағираро ё аз кор ҳай мекунед, ё худам масъалаашро ҳал мекунам, илоҷам намонд. — Асрор бе салому алек арзи дил кард.
— Оташин нашав, Асрор. Худатро ба даст гир, сағираи мегуфтагиат кӣ вай? Чӣ кор кардааст? — Директор дар ҷо-ҷои рӯи Асрор сиёҳию кабудӣ дида дар тааҷҷуб монд.
— Наход ҳамин қадар гапу шумо, ака, бехабар бошед?! — Ба гапҳои директор бовар накард Асрор.
— Ман аз куҷо донам, ки ба ту чӣ воқеа рӯй додааст.
— Набошад, ака, шумо ба ман гӯш диҳед, ҳамаашро мегӯям, мана ин одам шоҳид, — Сангинро шафеъ овард ӯ, — ягон гапам дурӯғ нест.
Ӯ рӯзи сиёҳи ба сараш омадаро гуфт. Гуфт, ки дар қишлоқ Шодмон, падару модар, хешовандони ӯ ба сараш хестанд, дирӯз ӯро қариб кушта буданд.
— Имрӯз-пагоҳ, ака маро мекушанд, — Асрор аз ғояти қаҳру ғазаб худро дошта натавониста аз ҷояш хест. — Ин сағира ба ман часпидааст. Аз болоям маълумот дод, ба ҳазор идора навишт, ба қашоқаш андохт, радио қатӣ масхара кард. Ба ҳамаи ин конеъ не, боз авлодашро ба сарам хезондааст. Худаш чӣ гап? Дар дунё ҳақиқат ҳаст ё не?! Ба ман гӯед, рафиқ Остон Ваҳҳобович, ҳақиқат ҳаст ё не?! — Асрор ба рӯи директор нигарист, сипас андаке ором шуд. — Ака, ман ба як қарор омадам, ҳаминро ба шумо гуфтаниам. Ман ҳамин бачаро мекушам, ҳамин ҳозир аз гарданаш мегираму хурӯсҷӯҷа барин мекушам. Баъд мешавад, об ба лаби ҷӯй баробар, баъд майлаш маро баранд, парронанд... Мегӯям, ки гапамро ба рафиқ Остон Ваҳҳобович гуфта будам. Шумо шоҳид-а, ака, ана мо рафтем... Асрор дасту остин барзада баромаданӣ шуд. «Чӣ? Ин аҳмак девона шудааст? Вайро барои одамкушиаш шоҳид меорад, ба вай хабар дода баъд рафта одам мекушад? Хуб кор мекардааст, касофат, директори базаро ҳам мекашидааст. Не... Остон Ваҳҳобович оқибати ин гуноҳро тасаввур карда наметавонад...»
— Сабр кун, Асрор, гардани шайтонро шикан, аз роҳат гард. Ту, ки ин масъаларо то пеши ман овардӣ, худам ҳал мекунам, ист, нарав, — директор гӯё ба бемории вазниne гирифтор гашта буд, ки боазоб, бо овози ларзон гап мезад: — Ҳамин қадар кору кирдору ман

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё