Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Искандар, саросема нашав, — Азизхон бо андешае аз лаби ҷомаи ӯ кашид.
— Аводошро ҷамъ кунад, ин номард, ман бо авлодаш мезанам, боз ин шон табақи ошро аз пеши авлодҳои мо мегирифтааст. Фикр накардӣ, ки ин одам бекас нест?! Ман ҳастам — Искандар ҳаст! — ғавғо бардошт Искандар.
Дар тӯйхона ҳама безобита шуданд. Садои доиразанӣ хомӯш гашт. Ҳофизон дигар суруд намехонданд.
Асрор оқибати корашро фаҳмид. Ӯ аз ҳама бештар аз дидани Искандар дар ҳарос монд.
— Мардак селовардаю раҳмон да нест, зуръётҳояш акнун Асрорро ба ҳолаш намегузоранд... Изои мӯъмин ҳаром, гуфтаанд. Охир, кори ноҳуб кард, хонааш дар пушташ мешавад, — гӯён мӯйсафедон дар тӯйхона воҳима меандохтанд.
Азизхону авлодонаш ба тӯйхона наздиктар шуданд.
Искандар чун серкаи сари мол пеш-пеш мерафт.
Шодмон ҳиҷил буд. Гӯё ӯ нидое мешунид: Шодмон ин чӣ шӯрест, ки сар мезанад? Ту ҳам бо онҳо? Медонӣ, оқибаташ чӣ мешавад? Ин кор хилофи қонун... Боз худат аз рӯи қонун даъво дорӣ, ки Асрор гунаҳкор аст.
Ба сари ту, падарат, ба сари ҳама бало меояд. Падарат ҳам инро ҳис кардааст. Пойҳояш пеш намераванд.
Нигоҳи ӯ падарашро меҷуст. Баъд Шодмон худро ба миёни ҷанҷол зад. Бо онҳое, ки барои Искандарро доштан медавиданд, ҳамроҳ гашт.


Остон Ваҳҳобович рӯ-рӯи кабинет мегашт. Борониаш дар бар, ҳамон кулоҳи алафрангашро ба сар пӯшида буд. Вай, аз афташ, касеро интизорӣ мекашид. Табъаш хира, андешаманд менамуд.
— Маро чеғ зада будед, Остон Ваҳҳобович? — Шодмон дари кабинети ӯро кушод.
— Бале, туро интизорам, марҳамат даро, — Остон Ваҳҳобович паси мизи кориаш нишаст. Шодмон ҳам ба ҷои ишора намудаи директор гузашт. Ӯ, албатта сабаби даъват шуданашро намедонист. Боз намедонист, ки чанд лаҳза пеш дар ҳамин кабинет дар ҳаққаш чӣ гуфтанду чӣ нақшаҳо андешиданд.
Акаи Асрор, Сангин назди Остон Ваҳҳобович даромада буданд.

пешина
аз 399
навбатӣ