Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
падар ҳанӯз ҳамаи алами дилашро ба Шодмон нагуфта буд, ки ба ҳавлӣ хешовандони яке аз паси дигар даромаданд, ҳавлӣ аз зурриятҳо пур шуд.
Рост аст, ки Асрори дузд табақи ошро аз пеши шумо гирифт? — ҳар яке аз омадагон мепурсид аз амаки Азизхон ва мушт ба сина зада бо ғурур мегуфт...— Авлоди Содирхониҳо ҳанӯз зинда, намурдаем. Намемонем, ки моро таҳқир кунанд, мефаҳмонем, ки моҳо ҳастем...
Амаки Азизхон аз ҷой хеста, миёнашро аз болои ҷома бо миёнбанд маҳкам басту саллаашро ба сар монд.
Чӣ ту намеҳезӣ? Ҳамаи тап-ку аз пои ту! Ё аз Асрор метарсӣ. Парво накун, вайро худи ман сарнишин мекунам, ягон кас наздик наояд. Агар дар як онивоҳид ҳамин одама ман хирбичак карда напартоям, ба рӯям туф кунед. Рафтем! — Набераи холаи Шодмон — Искандари тракторчӣ ӯро ҳам аз ҷояш хезонд.
Падари Шодмон пеш-пеш, тӯдаи авлодон бо зану кӯдакҳояшон аз паси ӯ аз дарвоза берун шуданд. Амаки Азизхоне, ки ба назар пашша ба лабаш шинад, киш намегуфтагӣ одам буд, гӯё болу пар пайдо кард. Бардам-бардам қадам мемонд. Шодмон дар бораи ҷангҳои авлодӣ аз китобҳо хонда буд, лекин имрӯз ҳамин ҷанг аз пои ӯ хестааст. Оқибаташ нағз намешавад, ҳамаи хешовандон, падарашро ҳам аз роҳ гардондан мумкин. Мардум ба миён дароянд, музтар мешаванд, ба фикр меафтанд. Лекин пеши Искандарро гирифтан мушкил. Ӯ дар ҷанг дарранда аст, ба ҳеҷ кас гардан намедиҳад, ҷанг кофта мегардад. Будагӣ тап, ки Асрор бо вай сарпанҷа рафта наметавонад. Мегӯянд, ки Искандар аз рӯи ким-чӣ гапе кайҳо боз ба вай гузна1 пайдо кардааст, имрӯз ана, барои ӯ баҳонаи хуб ёфт шуд.
Ба роҳи калон расиданд. Тӯйхона намоён шуд. Асрор хилофи либоспӯшии ҳаррӯзааш дар тан ҷомаи бекасаби тахта-тахта сурху кабуду сафед, дар сар тоқии нави гулдӯзӣ, дастонаш аз болои миёнбанд дар миёни қатори одамон паси дарвоза истода буд. Искандар ӯро дида қадаммониашро тез кард. Аз падари Шодмон ҳам пеш гузашт.
- Кина.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё