Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Аз гиребони амаки Азизхон гирифта ӯро аз маърака берун мекунад, ӯ бо дили хиҷил хона меояд.
Аз пеши касе табақи хӯрокро дар маърака гирифтан воқеаи гӯшношунид ҳисоб меёбад. Дар деҳа аз ин кори нанговартар нест. Ин хел воқеаҳо дар замонҳои пеш дар деҳа рӯй дода боиси хунрезӣ шуда будааст.
Як одами ҷанҷолие дар деҳа зиндагӣ мекардааст. Дилозор, баддаҳан. Аҳли деҳа ӯро аз маъракаҳо рондани шуданд. Дар як маърака табақи ошро аз пешаш гирифтаанд. Хешу табор, зоту зурриёт, зану кӯдакони ӯ ба ҷанҷол баромадаанд. Ду сол байни авлодҳо хархашаю муноқиша меравад. Чанде куштаю ярадор мегарданд, ба ақидаи авлодҳои марди ҷанҷолӣ, ки табақи ошро аз пеши ӯ гирифта буданд, нанги ӯ ба даст меояд.
Ҳамин хел ҳодисаи нохуш як замонҳо дар деҳа ба сари як одами бекасу кӯ ҳам омадааст. Мардак, ки берешаю гӯша будааст, дар муқобили онҳое шармандааш карда табақи хӯрокро аз пешаш гирифтанд, ҳеҷ кор карда наметавонад. «Замин сахту осмон баланд» гӯён панҷа ба замин мезанад. Каф ба дуо мебардорад, ба рақибонаш аз худо рӯзи сиёҳ мехоҳаду гирён-гирён тарки деҳа мекунад. Ӯ куҷо рафт? Касе огоҳ нашуд.
Имрӯз ин ҳодиса ба сари падари Шодмон омад. Аз пеши падари ӯ табақи ошро гирифтанд. Ин воқеа имрӯз ҳам ба амал омада бошад, оқибаташ нохуш аст. Падари Шодмон бекасу кӯ нест. Ними аҳли деҳа хешу табор, авлодҳояш.
— Аз ин тараф гузар, бачам, — падар саллаашро, ки онро модари Шодмон аз шаш-ҳафт метр матои сурх дӯхта буд, аз сар гирифта арақчин пӯшид. Шодмон бо сари ҳам ба ҷои нишондодаи падар гузашт.
— Акнун, бачам, ҷанҷоли зӯр мешавад, аввал ту рости гапро ба ман гӯй: аз болои ҳамин одам ба радио ҳам ту хабар додӣ? Боз дар баъза ким-чӣ гапҳо байни шумо шуда будааст... — гӯфт падар.
— Ҳа, дада, ҳамааш рост, аз болои вай ман навиш- там, агар ҳеҷ гап нашавад, боз ба суду прокурор ҳам менависам, — гуфт Шодмон.
— Ту бачам, кори нағз накардиӣ, ҳамааш айби ху- дат, дар вақташ гуфта будам, ба вай чака нашав, хун- гирифта аст вай. Лекин ту як насле рӯидӣ, ки гапи ху- дат гап. Хайр майлаш, ҳозир дигар ҷои муноқиша нест, ҷон нанг, ҷон номус омад, шукр мо ҳам кам нестем,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё