Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Шумо аз рӯи Шодмон як бечораро ба бало гирифтор карданӣ, шумо ахлоқан вайрон, барои база, барои коллектив номи бад, шумо виҷдон надоред, ман дигар ба шумо бовар надорам, равед, равед! — Остон Ваҳҳобович ба Мадина имкони гап задан надода, ӯро аз кабинеташ пеш кард.
Шодмон дер омад. Падараш аз сари гӯсфанд баргашта будааст. Ӯ дар кати пешайвон нишаста буд, ғамгин менамуд. Модар ва хоҳару додараконаш бо сарҳои хам гирдаш ҷамъ омада буданд.
— Ассалом, — гуфт Шодмон тӯрхалтан канду наботро, ки аз роҳ савғо оварда буд, ба як мехи танаи сутуни пешайвон овехта. Падар ба саломи ӯ ҷавоб нагардонд. Рӯймолчаашро аз киса баровардӣ, оби дидаҳои рӯи рухсораҳояш омадаро пок кард. «Падар оби дида мерезад?» Шодмон сӯи ӯ гашта, даст ба панҷараи кат гузошт.
— Бачам, дар вақташ гуфта будам, ки аз ҳад нагузарон, поятро ба қади кӯрпаат дароз кун, бо ҳамин одам сар ба сар нашав, ба гапам гӯш наандохтӣ, ана имрӯз заҳрашро чаконд, — гуфт модар ба Шодмон.
Шодмон аз тағи гап бохабар шуд. Ҳамон рӯз як мақолаи дар ҳақи акаи Асрор навиштаи Шодмонро бо радио шунавонида буданд. Худи акаи Асрор ҳам мешунаваду аз ғазаб девона шуда ба ҷустуҷӯи Шодмон ба кӯча медавад. Вале ӯро наёфта сӯхта-сӯхта ба тӯйхона — хонаи Усто Барот медарояд. Ҳамин ҷо бо падари Шодмон дучор меояд. Ва ана...
— «Ту, Асрор, ба ҳамин бачаи Азизхон чӣ кор кардӣ, ки ба ту часпидааст? Масхараи хосу ом шудӣ»... — гӯён як кас дар маърака оташи ғазаби ӯро бод медиҳад.
— «Ин хел ҳам не-дия. Як кӯдак одами маъракара шарманда карда гардад... Ин бача калон надорад?» — дигаре ба гап ҳамроҳ мешавад.
Ҳамин ҳангом ба хона пеши меҳмонҳо ош меоранд. Пеши амаки Азизхон ҳам ош мегузоранд. Асрор аз ҷояш мехезаду табақи ошро аз назди ӯ мегирад.
— Ту лоиқи маърака нестӣ, аввал вай мухбирчатро соҳиб шав, баъд ба қатори одамон медарой, ҳа, хез! —

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё