Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
гапу ҳарфи Остон Ваҳҳобович. Дар хаёли ӯ дар база фақат директор одаму дигарон ҳама патаку пайтоба. Ғазаби Мадина омаду гӯшаки телефонро бардошт. Ба милиция хабар дод гуфт, ки кунҷораи бесоҳибро соҳиб шаванд, гунаҳкори ҳодиса маълум, тафтиш кунанд.
Гӯё бо ин вай ба хонаи занбӯр алов монда буд, ки дар база ғалогула хест. Аз идораи милиция, аз кадом як идораи дигар одамон омаданд. Кунҷораро бурданд, роҳбарони база ҳам ноором шуданд.
— Кӣ хабар дод? — Остон Ваҳҳобович гунаҳкорро
меҷӯст.
— Ман хабар додам, — гуфт Мадина ба вай. Акаи Асрор ҳам аз ин огоҳ гашта буд. Вай чизе нагуфта дусе бор Мадинаро зери теғи нигоҳи оташбораш кашид.
Бо ҳазор маънии ӯ ба Мадина нигоҳ мекард: «ист, акнун ман ба ту чӣ мекунам?»
Директор ҳоло барои ҳамин гуноҳаш Мадинаро наздаш чеғ зада буд.
— Фоидаи шумо ба база ҳамин ки ҳама ноором шудем! Медонед, ки ин кори шумо чӣ қадар зарар меорад. Акнун солҳои дароз дар ҳама ҷо гап мезананд, ки коллективи нотифоқ, дузд, шайтон, ҷанҷолӣ. Ҳамаи корҳои неки мо барбод меравад, чиба ин корро кардед? Чӣ мақсад доштед?
Директор ғами базаро мехӯрд. Вале ин ғамхории ӯ Мадинаро ба андеша андохта буд. Аҷоиб, вақте сухан дар бораи гуноҳи Шодмон мерафт, Остон Ваҳҳобович ғами ноором шудани базаро намехӯрд. Ҳозир гапу ҳарфи ӯ дигар. Ин одам чаро дурӯя аст? Фикр намекунад, ки Мадина ҳам таги гапро мефаҳмад, ҳақ дорад пурсад. Дина ӯ дигар чиз мегуфту имрӯз бошад, гӯё ӯ одами дирӯза нест. Чаро? Не, вай ба Остон Ваҳҳобович бовар намекунад.
— Шумо медонед, ҳамин одам аёлманд аст, хонааш пури кӯдак, нонхӯри бисёр дорад. Агар ӯро бурда ҳабс кунанд, як хона вайрон, кӯдакон бепадар мешаванд. Шумо кори хуб кардед? — боз пурсид директор аз Мадина.
— Агар туҳмати вай ошкор намешуд, Шодмонро ҳам суд мекарданд. Асрор иғвогар аст, аз худ рафтагӣ, монед ҷазояшро бинад, — гуфт Мадина.
— Шумо ғами киро мехӯред — маълум. Ғами Шодмонро... Байни шумою ин бача чӣ гап аст — ҳама медонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё