Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳа, Мадина, барои ту! Аз ҳафт маҳалли ана он касофати Асрораш ҳам безорам. Ба хотири ту аз вай ёрӣ мехоҳам.

— Чӣ хел ёрӣ?

— Имрӯз-пагоҳ мо ин одамро аз байн мебардорем, ман вайро мекушам. Агар бо некию нағзӣ аз ту дур нашавад, зинда намемонад. Барои ман, Мадина, як роҳ аст, ё ту ё мурдан! Мефаҳмӣ, аз рӯи ту ман ба мурдан меравам! — Аз гуфтани ин суханҳо сари Сангин чарх зад, ки пешонаашро дошта болои санг нишаст.

Мадина сатили обашро аз болои санг бардошт.

— Ист, Мадина, гапи ман тамом нашудааст, ту ба ман ҷавоб деҳ.— Вай боз аз ҷояш рост шуда Мадинаро аз роҳаш гардонд.— Гӯй, ман чӣ кор кунам? Охир бе ту ман зиндагӣ карда наметавонам.

— Сангин, аз паи фикрҳои беҳуда нашав.— Мадина дар як даст сатили об боло мебаромад.

— Ту охир, Мадина... Ман бе ту зиндагӣ карда наметавонам.— Сангин суханҳои гуфтаашро аз нав такрор мекард.

...Мадина ҳоло дар меҳмонхона, дар пеши Шодмон буд.

— Хулоса аз Сангин эҳтиёт шав! Вай аз паи ту афтидааст,— гуфт Мадина.

— Ту ба ӯ чӣ ҷавоб додӣ? — пурсид Шодмон.

— Ҳеҷ чиз, фикрат беҳуда гуфтам.

— Сахттар гап задан лозим буд, вай одами пӯстғафс аст,— гуфт Шодмон ва либосҳояшро ғун карда ришгиракашро бо собуну саҷок аз нав ба ҷомадончааш андохт.— Рафтем,— гуфт Шодмон ва ҷомадончаашро бардошта аз дами дар боз ба хона, ки ду рӯзи умри ӯ он ҷо гузашта буд, нигоҳ кард. Ҷомаи обшустаи марди кӯҳистонии ҳанӯз болои ҷойхобаш паҳн буд, ҳо ана оинаи қаднамо, оинаи нилгун, тиреза, ки онро ранги кабуди баланд доданд, чашмаки аз ҳама болои он ба берун боз. Аз он шамоли салкини дарё ба хона медаромад...


Чароғҳои мошин ба синаи шаби кӯҳистон гӯё оташ андохта мерафт. Кӯталу гардишҳои ваҳмнок, чуқурию пастиҳо ақиб мемонданд. Онҳо сари роҳ дар Кабудҷар ба чойхонаи бобои Умархон даромаданд. Бо пирамард хайрухуш карда, рафта наметавонистанд, бо ӯ чой нӯшиданд.

пешина
аз 399
навбатӣ