Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— гуфт ва курсичаеро, ки ҳоло Шодмон ба он нишастааст, пеш кашид. — Амакҷон, аҳвол чӣ хел? Чанд сол боз ин ҷо кор мекунед?
Эҳтироми бобои Умархон ба директори ҷавон бештар гашт. Ӯ аз пирамард боз пурсид, ки чӣ норасоӣ дорад, зиндагиаш, аҳволи аҳли хонадонаш.
Ба ин андоза бофаҳму баандеша будани он ҷавон аз лаҳзаҳои аввали шиносоӣ пирамардӣ рӯзгордидаро ба тааҷҷуб овард: «Ҷавон ҳам бошад, пухта, боандеша барин».
Директори нав бо ҳамон ғурураш ба кор сар кард.
«Дар хона бо аҳли хонаводаат ҳам, ки сахт набиёӣ, гапатро намегиранд» мегуфт ӯ.
— Вақти саршавии корҳо фалон соату ба база мошинро оварда монда рафтанат соати фалон. Агар лаҳзае дер монӣ, ин ҷо ҷои кори ту не! — мегуфт ӯ ба шофёрҳои азхудрафта.
Мардак аз гуфтааш нагашт. Ҳафтаи аввал ҳашт нафар шофёрро, ки аз фармон сар печида буданд, аз кор озод кард. Чашмони одамон ҳаросад, кор дигар мешудааст. Дар база кам-кам интизом ҷорӣ шуд. Шофёрҳо ба «диспетчерҳо» гӯш медоданд. Дигар «мо ин ҷо намеравем, он ҷо намеравем» гуфта фақат худро ба ҷои «равғандор» намезаданд.
Он рӯзҳо аҳволи акаи Асрор аз ҳама зиёд танг шуда буд. Директори ҷавон кӣ будани ӯро омӯхта ба вай эътибори алоҳида дод.
— Ҳавои даҳан накун, мардак. Ту дигар тахтаю шифер, кунҷора не, сангу рег мекашонӣ, қатори ҳама кор мекунӣ. Агар не... — Рӯзе дар пеши одами бисёр ба вай ҳамин хел гуфт директори ҷавон.
— Мебинем, — ғурунгос зад Асрор.
Гапи директор ду нашуд. Пару боли Асрор рехт, дигар гапногирӣ намекард. Ба ҳар коре мегуфтанд, медавид. Лекин ин мори таги пудина дар назар ҳамин хел менамуд. Аз таги пои директор чоҳ меканд. Ду-се каси дигар ба вай ёр шуданд. Бо тавсияи Асрор як шофёри «сарпасту гапдаро», ки чӣ кор гӯянд, не намегуфтагӣ одам буд ва аз ҳамин ҷиҳат Фахриев ҳам эҳтиромаш мекард, ба вай наздик шуда монд. Ин шофёри «сарпасту гапдаро» ба назар хислатҳои нек дошт.
Бечораҳол, накӯкор менамуд. Бо ёрии ана ҳамин одам атрофи директор торҳо таниданд. Аз дур ҳам, ки бошад, бобои Умархон ин торҳоро медид, вале ба Фахриев

пешина
аз 399
навбатӣ