Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Шодмон ҳозир шуд. Вай аз афташ назди пирамард барои арзи миннатдорӣ омада буд.
— Биё, бачам, ин ҷо даро, — гуфт мӯйсафед ва дохили хоначаи хурдакакаш шуд. Асобағалашро ба танаи девор рост монда курсӣчаеро пеш кашид. Шодмон ҳам наздиктари ӯ ба тиреза ҷафс шуда нишаст. Бобои Умархон ҷои гарм доштааст. Рӯймолчаи чоркаткардашударо болои чойникро гирифта, ба пиёлаҳо чой рехт.
— Бачам, байни туву Асрор чӣ гапҳо гузашта буд, ҳамаашро аз нав ба ман нақл кун. Ман ҳамаашро бояд фаҳмида гирам, ҷанҷол калон мешудагӣ барин, бачам, — бобои Умархон пиёлаи чойро ба даст гирифт.
— Ман ҳам, амакӣ, вайро ба ҳолаш намемонам, сар то қадамаш гуноҳ аст, медонам. — Шодмон пиёлаи чойро болои миз гузошт. Баланд будани ғурури Шодмонро мӯйсафед ҳис карда, дар дил ба вай хандид.
— Бачам, ту ба одами бисёр ганда сар ба сар шудай, аз дасти вай ҳар кор меояд, ту ҷавон, вайро намедонӣ, гуфта будам-ку як директори база аз дасти ҳамин нобуд шуд. Ман ба ту нақл мекунам, шунаву худат дар бораи ин одам ба хулоса биё, — мӯйсафед, даме ба хаёл рафта наклашро идома дод: — Дар давраи роҳбарии як директор база бесоҳиб барин шуда монд. Ҳар касею дави аспаш. Шофёрҳо мошинҳоро куҷо ки хоҳанд мебурданд, кай ки хоҳанд, ба кор меомаданд. Хараҷу мараҷ, бетартибӣ шуд...
Директорро аз вазифааш гирифтанд, ба ҷои вай як ҷавон омад. Маҷлис карда директори навро ба шофёрҳо шиносонданд. Гуфтанд, ки фамилияаш Фахриев. Аксари шофёрҳо ҳамон рӯз ба овози баланд як хандиданд. Ба директор тамасхур карданд. Чеҳраи директори ҷавон ғазаболуд гашт. Баъди шиносӣ бо шофёрҳо Фахриев саҳни калону васеи базаро, ки мошинҳои вайронаи боҳисоб канори деворҳо қатор буданд, як давр гашт. Дастонаш паси пушт бо салобат қадам мемонд. Маълум, ки ҷавон ғурур дошт — бобои Умархон пиёлаи хунукшудаи чойро ба даст гирифт. Он рӯз дар хаёлаш ба ҷилва омад.
Фахриев паси дарвозаи база омада дари хоначаи посбонии бобои Умархонро кушод. Ӯ бо эҳтироми директор даст ба асобағали ба танаи девор гузоштааш бурд, хестанӣ шуд. Вале ӯ:
— Амакҷон, нороҳат нашавед, бахузур шиштан гиред,

пешина
аз 399
навбатӣ