Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Вай як директорро ҳам бо ҳамин найрангҳо ба бало гирифтор карда буд, — Бобои Умархон сабук нафас гирифт.
— Ин гапи шумо ба ҳақиқат рост намеояд, байни он директор у Асрор гапу кори бисёр гузашта буд. Лекин Асрор... — директор зӯр зада, ӯро сафед мекард, — биёед, дар ғайби як кас бадгӯй накунем... ба ин бача ҳамқишлоқ аст, вайро додараш барин медонад. Сад бор дар пеши ман таъриф кардааст, ба вай бадӣ намехоҳад. — Остон Ваҳҳобович бобои Умархонро мулзам кардани шуд.
— Инашро намедонам, дидагиямро мегӯям.
— Надонед, тӯҳмат назанед.
Барои тақдири Шодмон ин қадар талош карда, худро ба азоб монданҳои бобои Умархон ӯро гӯё аз хоб бедор кард. «Ҳа, ана ин кори кӣ будааст?» Ҷанҷоли хонаи амаки Абдуҷаббор боз ба ёдаш омад.
— Ин кори акаи Асрор! — Шодмон байни одамон даромад: — Бегоҳ мо бо ҳам будем. Онҳо кунҷора фурӯхтанд! Ман ба гапи акаи Асрор надаромадам, ҷанҷол кардем, — Шодмон ҳамаи воқеаро нақл кард.
— Бобои Умархон рост мегӯяд, ки кори Асрор аст... — гуфт Мадина ҳам.
— Ман ба як гапи бобои Умархон бовар карда наметавонам. Шояд ин ҷо сире бошад, ин кас ҳам одам, тақдири як кас бозича не, — эътироз намуд Остон Ваҳҳобович.
— Хайр, ба як ман бовар накунед, ҳодисаро шаб як ман не, чойхоначӣ, ҳо, ана вай занаки фаррош — апаи Зӯҳра ҳам дида буданд, — гуфт бобои Умархон.
— Ин корро месанҷем. Тафтиш мекунем. — гуфт бедимоғ директор ва мисли одами дар майдон мағлуб-омада бо сари хам аз миёни аҳли давра баромад.
Сагҳои бобои Умархон Зардак ва Бахмал гирди ӯ гашта соки маҳсиҳояро бӯй мекарданд. Ба гуфтае, рамаки бобои Умархон инҷо буду худаш набуд. Бо директор Остон Ваҳҳобович хаёлан манша дошт: «Туро медонам, бозичаи дасти Асрор шудаӣ, аз вай меҳаросӣ, чӣ ки вай гӯяд, ҳамонро мекунӣ, барои ҳамин ҳам ба мани мӯйсафед «забонат баста буд?» мегӯй»..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё