Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Бобо, шумо аз паи кори худатон шавед. Шумо ғами ҳамаро мехӯред, ғами дуздро ҳам, ғами кадом як аҳмаки дигарро ҳам. Қонун ҳаст, моли давлатро ки хӯрд, ҷазо мебинад.
— Рафиқ Остон Ваҳҳобович, шумо аввал як чиро фаҳмида баъд гап занед. Ин ҷо, бачаҳо гап калон шу- да меравад, — ба парторгу инженер нигоҳ кард вай.— Шумо, рафиқ Остон Ваҳҳобович, саросема нашавед, масъаларо ҳамин ҷо ҳал мекунем, аҷаб не, шумо на- медонед, хабар надоред, — бобои Умархон ҷинояти азимеро аз афташ, ошкор карданӣ буд. Директор наз- ди ӯ омад.
— Рафиқ Остон Ваҳҳобович, гӯед, ба шумо кӣ гуфт, ки дар мошини ин бача кунҷора ҳаст? — пурсид.
— Фарқ надорад, — даст афшонд директор.
— Асрор гуфта буд, — инженер ба гап шарик шуд.
— Ба шумо ҳам ҳамин одам хабар дод? — пурсид боз аз директор бобои Умархон.
— Ҳа, — бо дили нохоҳам ҷавоб дод ӯ.
— Ана, бачаҳо, гапро аз ҳамин одам сар мекунем,— гуфт бобои Умархон қаноатмандона. — Шумоҳо ба ман гӯш кунед. Шаб ин бача дер омад, мошинашро монду рафт. Баъди вай Асрор омад. Ана ин мошини кӣ? — бобои Умархон бо нӯки асобағалаш ба соғуи мошини калоне, ки бо мошини Шодмон ҷафс истода буд, зад.
— Мошини Асрор, — бо як овоз посух доданд ҳози- рон.
— Ана ҳамин одам ба база даромаду ҳаял кард. Ба ташвиш афтодам аз дур калла кашидам. Аз моши- наш ба мошини ин бача ким-чӣ холии мекард.
— Мегӯед, ки ҳамин кунҷораро ба мошини Шод- мон Асрор оварда рехт.
— Бале.
— Чиба ҳамон лаҳза пеши Асрор рафта нагуфтед, ки бача, чӣ мекунӣ?
Чиба инро пагоҳ ба ман хабар надобед? Забонатон то ҳозир бастагӣ буд? — Ғазаби директор омад.
— Ту, рафиқ Остон Ваҳҳобович, иззати худатро дон, ман аз падарат калон. Ман туро барои ин гапат намебахшам. Лекин ҳозир гапи Асрор меравад. Ана ҳамин кунҷораро ба мошини ин бача Асрор оварда рехт. Вай чӣ хел одам ҳаст, ба ҳамаатон маълум...
— Кохи кӯҳнаро бод надиҳед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё