Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳа.
— Ҳуҷҷатҳоят ку? — чеҳраи Остон Ваҳҳобович аз ин ҷавобҳои Шодмон кушодатар мегашт. — Ҳамин хел рости гапро гуфтан гир, ту комсомол-а? — пурсид.
— Ҳа, — ба ҷои Шодмон ҷавоб гардонд Мадина.
Шодмон аз кисааш коғазҳоро бароварда ба директор дод.
Остон Ваҳҳобович ба коғазҳо дергоҳ назар карда гуфт:
— Борро супурдааст, — ӯ пас аз хеле таҳаммул илова кард: — мулло, қорат чатоқ. Фаҳмидӣ барои чӣ ба даст ғалтидӣ? Ҳазор худатро бегуноҳ нишон диҳӣ ҳам фоида надорад. Ҳайф, сад ҳайф, ки шумо бачаҳои ёш ба роҳи хато меравед... — Чанд тоннаи борат-ро супурда будӣ?
— Ҳамаашро, шумо чӣ ин қадар маро истинток до-ред? — Шодмон андак оташин гашт.
— Истинтоқи ту, бачам, ҳоло дар пеш аст. Гуфтам-ку, ба даст ғалтидӣ.
— Аз камтаҷрибагӣ, — пичинг зад касе.
— Ту, мулло, — боз таҳқиромез муроҷиат кард директор, — мегӯӣ, ки ҳамаи борро супурдам. О моши-нат пури кунҷора-ку!
— Дар мошини ман кунҷора!
— Ба вай нишон диҳед, ба гарданаш монед, — дар пешонаи фарохи директор ҷинҳои нав афтоданд. Касе аз дасти Шодмон кашида ӯро пеши мошинаш овард, дигаре аз зери китфонаш бардошт, ки ба соғуи мошин назар афканад. Директор рост мегуфт. Мошин аз кун-ҷора қариб нима буд. Авзои Шодмон дигар шуд. Дар мошини ӯ кунҷора!
— Дидӣ? Кунҷора-а? Забон ёфта ними борро гар-дондӣ лекин ҳал карда натавонистӣ саросема шудӣ. Қамтаҷриба. Директор ба Аҳмад, ки чашм ба ҳозирон дар канор истода буд, фармуд, калиди мошини Шод-монро гирад, онро бо бораш наздикти идораи вай бурда гузорад. Худаш ба милиса хабар доданӣ буда-аст.

Шодмон аз ҳайрат ба худ намеомад.
Бобои Умархон аз паси одамон наздиктар омад.
— Рафиқ Остон Ваҳҳобович, ман ба шумо суол дорам, истед, ба ман гӯш кунед, — директорро аз ро-ҳаш гардонд. — Шумо ба сари ин бача рӯзи сиёҳ ме-оред? — пурсид.

пешина
аз 399
навбатӣ