Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Дида будам, — тасдиқ кард гапи ӯро бобои Умархон.
Дари идораи директор кушода шуд. Мадина аз он берун омад. Шодмон ӯро дида бобои Умархонро гӯё фаромӯш кард. Вале Мадина нигоҳашро аз ӯ гурезонд.
— Мадина, — чеғ зад Шодмон. Аҷоиб, духтарак ба вай нигоҳ ҳам накард. Шодмон аз паси ӯ рафт. Дар идорааш ҳам Мадина ба саломи ӯ аранге ҷавоб дод.
— Мадина, табъат хира?
Мадина бо қавоки овезон ба Шодмон назар андохт, аз афташ, ба ӯ суханҳои сахт гуфтани буд ва ҳоло аз чӣ сар карданашро намедонист. «Чӣ гап шуда бошад?» Шодмон ба нигоҳи Мадина тоб наовард. Чӣ воқеа рӯй додааст? — боз пурсид аз Мадина. Аз ӯ ҳанӯз ҷавоб нашунида буд, ки котибаи директор ба назди онҳо даромад.
— Остон Ваҳҳобович шуморо нигарон, — гуфт ӯ ба Мадина.
— Боз кӣ? Парторг, муҳандис ҳам ҳастанд?
— Ҳамаашон ҷамъ шуданд.
— Рафтем, — гуфт Мадина ба Шодмон.
— Куҷо? — Шодмон аз паси Мадина, ки хомӯш мерафт, равон шуд.
Дуртар аз идораи кумитаи комсомол директори база Остон Ваҳҳобович, муҳандис, парторг боз чанд каси дигар истода буданд. Онҳо тарафи мошини Шодмон мерафтанд. Остон Ваҳҳобович, ки дар бар боронии зебои сабз ва дар сар кулоҳ пӯшида буд, ба Шодмон нигарон меистод.
— Тезтар, домулло, зудтар ҷунб, — кинояомез гуфт яке. Гӯё вай ин манзараҳоро дар хоб медида бошад, итоаткорона тез-тез қадам монд. «Ӯро нигаронанд?» «Зуд бош», боз шунид овозеро.
— Хӯш, мулло Шодмон, — директор бо истеҳзо ба номи ӯ калимаи «мулло»-ро ҳамроҳ карда, дуру дароз мад кашид, — куҷо рафта будӣ, кай баргаштӣ, борат чӣ буд? — пурсид.
— Кӯлоб рафта будам, кунҷора бурдам.
— Хм, кунҷора, — ин сухани Шодмонро бо тантана ба забон овард директор. — Бори мошинатро супурдӣ? Чанд тонна буд? — директор суоли дигар дод.
— Ҳа, се тонна.
— Ҳамаашро супурдӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё