Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

панҷаояш гирифт. — Ана ба хотири ҳамин мӯи сафедам ба ман як халта кунҷора те, бачам. — Амаки Абдуҷаббор зорию илтиҷо кард. Шодмон мутаассир гашт. Охир аз ҳад зиёд зӯр наояд, дар кӯҳистон пирамардҳо асло даст ба риши сафедашон намебаранд.

— Амакҷон, маро бубахшед, хотири шумо бароям аз ҳама зӯр аст, лекин аз ин кунҷора гирифта наметавонам. Агар барои шумо кунҷора лозим бошад, пагоҳ даҳ халта харида меораму аз ин бор намегирам, амакҷон, — Шодмон аз назди пирамард гузашта, худаш дарвозаро кушод. Вале ӯ боз сӯи Шодмон давид.

— Амакӣ, бас! — аз оринҷи амаки Абдуҷаббор дошт Асрор. — Чӣ зорию илтиҷо доред? О, ин одамро ман медонам, оқипадар аст. Монед, равад, нависад, маълумот диҳад, ана дид, ки ман кунҷора фуровардам, Сангин кунҷора фуровард, фурӯхтем, арзон не, бо нархи қимат. Чӣ ки аз дасташ ояд кунад!

— Ту, Асрор, хонаи маро насӯз, вайро аз роҳаш гардон, намон! — амаки Абдуҷаббор зорӣ дошт.

Мошини Шодмон аз дарвоза баромад. Се нафар — амаки Абдуҷаббор, акаи Асрор, Сангин миёни ҳавлӣ монданд...

Шодмон шаб мошинашро дар база монд ва хеле дер ба хонаашон расид. Хархашае, ки дар ҳавлии амаки Абдуҷаббор ба зҳуҳур омада буд, аз пеши назараш дур намешуд. Амаки Абдуҷаббор риши сафедашро қабза карда мегуфт: «Як панҷа, бисёр не, як панҷа кунҷора...» Акаи Асрор доду валвала мебардошт: «Рав, маълумот деҳ, ба газет навис, оқипадар!» Бале, вай менависад, хабар медиҳад, оромашон намегузорад, ҷои ҳарос надорад... Шодмон бо ҳамин хаёлҳо қариби саҳар хоб рафта хеле дер, вақте саҳни пешайвонашон офтоб омада буд, бедор шуд. «Аз кор мондам, дер шуд» — гӯён чой ҳам нанӯшид. Ба база омада аз ҳама аввал бо посбон бобои Умархон вохӯрд. Вай чун ҳаррӯза ордену медалҳояшро пеши бар овехта, такя ба асобағалаш дода рост меистод. Мӯйсафед Шодмонро дида калла ҷунбонд, яъне назди вай ояд.

— Бачам, шаб машинатро монда рафта будӣ-а?

— Худатон дида будед-ку, амак.

пешина
аз 399
навбатӣ