Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
сулҳу салоҳро меҷуст. Охир ин чӣ балое буд, ки ногаҳон ба сараш омад? Инҳо байни худ ҷанҷол доштанду омада-омада дар хонаи ӯ дилҳошонро кафондаанд? Ин бача аз афташ маълумотчии ганда аст. Бе ин ҳам дар қишлоқ ба решаи ӯ табар мезадагиҳо пайдо шудаанд. Дина дар як маърака гапи вай шудааст.
Гуфтаанд, ки амаки Абдуҷаббор як одами мӯйсафед, сағиру кабири бисёр дорад, лекин зиндагӣ, дову дастгаҳашробинӣ, даҳонат воз мемонад. Иғвогаранд ин мардум, на дода метавонанду на дида. Ана имшаб дар хонаи ӯ худ аз худ оташ пайдо шуд. Дод аз дасти меҳмонҳои нохонда, дод аз дасти касофати Асрор! Вай намегузорад, ки оташ аланг занад, ба ҳеҷ ваҷҳ! Аслан ҳамин Асрор як мардаки солхӯрда намояд ҳам аблаҳ будааст. Аз сиёсати ҳукумат бехабар. Як одамҳоеро ба хонаи ӯ меорад, ба як одамҳое хонаи ӯро нишон медиҳад... Ба вай ин гапҳоро мегӯяд, мегӯяд, ки дигар дубора одамони нотаҳдонро хонаи вай набиёрад, вай даҳ сар надорад, як сар дорад, пир ҳам бошад ҷонаш азиз. Ҳоло бо ҳар роҳе бошад, аз мошини ин бача ҳам кунҷора мегирад, ба панҷа ҳам ки бошад мегирад, ба кисааш се-чор сӯм меандозад. Бояд вай зувонкӯтоҳ шуда монад, Асрор ҳам ҳоло барои ҳамин хун мехӯрад. Лекин ин хел не-дия. Бо дӯғу пӯписа намешавад. Вай дигаронро чӣ хаёл кардааст? Ин бача ҷавон аст, хунаш дар ҷӯш, ғурур дорад.
— Бачам, як дамакак ба ман гӯш кун, гардани шайтона шикан, — амаки Абдуҷаббор пеши Шодмонро, ки даст ба тарафи дари мошинаш бурдани буд, гирифт.
Ӯ ба вай мегуфт: — Шумоҳо, бачам, ҳамқишлоқ, аз як решаю гӯша будаед. Асрор туро бисёр таъриф кард, бачаи нағз гуфт. Вай аз шумоҳо калон, гапи ядигарро гардонданатон хуб не. Моли ҳазор набудааст, он тарафаш як панҷа кунҷора-дия!
Шодмон дари мошинашро кушод.
— Э ту чӣ кор мекунӣ, бачам? — Амаки Абдуҷаббор ҳаросон аз домони Шодмон дошт. — Ман туя дар ин ғояти шаб ҷавоб намедиҳам, ту меҳмони манӣ, аз роҳат гард, фуро, бачам!
— Дарвозаро кушоед, амак. — Хоҳиш кард Шодмон.
— Не, бачам, ту ҳеҷ ҷо неравӣ, гапи мани мӯйсафеда гир, дуои нек мекунам. Худо туро ҳам ба пирӣ
расонад, бадавлат шавӣ, — пирамард ришашро миёни

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё