Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Дугона, мегӯм, тангаю тиллоҳои аз падари Аҳмад мондагиро ёфтед-чӣ?
— Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад, дугона, — ҷавоб додааст ӯ.
Маънии «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» гуфтани зани Аҳмадро дар деҳа ҳама медонанд. Шавҳараш бо акаи Асрор ва чанд нафар чапдасти дигар ҳамроҳ шудааст.
Ба акаи Асрор ҳамин хел одамҳо лозим. Лекин Шодмон аз паи ин одам немеравад, ҳеҷ гоҳ!
— Не, ман кунҷора намефурӯшам! — такроран гуфт ӯ.
Тарбуз аз бағали акаи Асрор ғалтид. Нигоҳи пурхашми ӯ ба Сангин афтод. Ба вай гуфтани буд: «кори кардаи ту ҳамин? Қош ин ақлу тамизат сари худатро мехӯрд. Чаро ин бадзотро қозӣ карда овардӣ? Худат-ку садқаи сар, маро ҳам ба вай баста додани шудӣ, ин амакӣ Абдуҷаббори бегуноҳро ҳам...»
— Шодмон, хуб намешавад, биё аз мошини ту ҳам як камтар фурорем, — гуфт Сангин.
Амакӣ Абдуҷаббор ҳам ташвиши Асрорро пай бурда ба таҳлука афтод.
— Ҳа, бачам, рафиқот рост мегӯянд, биё аз мошини ту ҳам фурорем, ба ту қиматтар медиҳам, — Шодмонро ба гап даровардани шуд вай.
— Ман кунҷора намефурӯшам, амакӣ, ин моли давлат.
— Ин бача аҷиб будааст-ку! — гуфт пирамард ва ба Асрор нигарист.
«Ин хел одама чиба хонаи ман овардӣ? О ҳамаи буду шуди маро дид-ку? — мегуфт нигоҳи ӯ.
— Ҷӯраи ин одам, — Сангинро таъна зад акаи Асрор.
— Ҳа, гӯй, Шодмон, хуб намешавад, ақаллан ду-се ҳалта.. — зорӣ кард Сангин.
—.Дусад кило барин ҳам намедиҳӣ? О вай бори туя панҷсад килояш азони ман! — дар пӯстини акаи Асрор кайк даромада буд, ки безобита шуд.
— Ман намедонам, ки моли давлат, — бо тамкин гуфт Шодмон, вале тамкини ӯ акаи Асрорро кушт.
— Намедиҳӣ?
— Не!
— Амакӣ, дарвозаро кушо! Мон равад, ҳозир равад, маълумот диҳад, нависад, — акаи Асрор худро ба даст гирифта натавонист. Вале амакӣ Абдуҷаббор роҳи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё