Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
фарзанди худамон. Ҳоло, мон мӯйсафед ним тонна фурорад, пулаш аз худат, насиб кунад. Минбаъд ҳамроҳ тахта бор мекунем, шифер мегирем... Он тарафашро худам ҳал кардан мегирам. Ҳамроҳ бошем, дӯст бошем думи якдигарро кофта гаштан катӣ фоида намебинем. Чӣ гуфтӣ?
— Ака, ман кунчора намефурӯшам, наметавонам.
— Ихтиёрат, ҳеҷ кас ба ту зӯрӣ надорад, бори тую мошини ту. Лекин, додар, аз рост гаштан фоида намебинӣ. Одам кафангадо мешавад, бо як маош сарпилтаи ҳеҷ кас сафед нашудааст. Биё, дур наравему ҳамон Аҳмади ҳамсоятонро гирем. Шон «бо роҳи рост мегардам» мегуфт. Ба чӣ ҳол афтид? Аз сагу мурғ қарздор, аз нони хӯрдан монд. Дар база ҳам баробари як пули пучак обрӯ надошт. Динангӣ кӯдакомада мошин мегирифтанду вай «мошин» мегуфт. «Падмен»
буд. Чӣ будани падменро албатта фаҳмидӣ?
Шодмон маънии ин калимаро рӯзҳои аввали ба база омаданаш дониста буд. Дар ҳар база шофёрҳое буданд, ки танҳо вақти ба отпускӣ рафтан ё бемору ягон гап шудании шофёре соҳиби мошин мешаванд. Ва ҳангоме ки соҳиби мошин бармегаштааст, онро бо ду дасти адаб ба ӯ месупурданд.
— Падмен чию мурдашӯю кабрканҳо чӣ? Мурдашӯю кабркан интизор, ки як кас мурад, падмен дар орзуи касалу бемор шудани одамони мошиндор, — завқ бурда, хандид акаи Асрор. — Шукр гӯй, ки ба тақдири ту ҳамин Сангин будааст, набошад ту ҳам ба монандӣ Аҳмад бо роҳи рост меравам гуфта падмени «стаждор» шуда мегаштӣ. Оқибати роҳи рост рафтанатро албатта баъд мефаҳмӣ. Лекин дер, Аҳмад барин...
Акаи Асрор дар ҳаққи Аҳмади ҳамсояи Шодмонино беҳуда ҳарф намезад. Воқеан ҳам марди дасткӯтоҳе буд ӯ. Дар хонадонаш ҳамеша хархаша, занаш «вой алами нобудӣ» гуфтагиаш гуфтагӣ.
— Оқибат ақли Аҳмад ба сар зад, пешам омад, — гуфт акаи Асрор ва илова кард: — Ана ҳоли зиндагии вайробинӣ дахонат воз мемонад. «Кимсан?» «Ман»
мегӯяд.
Ростӣ зиндагии Аҳмад дар ҳамин як-ду соли охир дигар шуд. Кӯдаконаш, занаш ҳар рӯз як хел либос мепӯшанд. Як рӯз модари Шодмон шӯхӣ карда ба зани Аҳмад гуфтааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё