Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Ту маро куҷо овардӣ, ака?! — зан ба даҳшат меафтад.
— Пеши фолбин, кӯдакро акнун як тараф гузоред...
Акаи Асрор қоҳ-қоҳ хандида нақлашро ба охир расонд. Марди назди печка нишаста чапак зад. «Намурӣ акаи Асрор, зинда бошӣ» — мегуфтанд баъзеҳо. Дар маърака ғалогулае сар зада буд. Паси ин фаҳшгӯиҳои акаи Асрор Шодмон симои каси дигареро медид. Ин пири нуронӣ, ки мӯйҳояш чун барфи қуллаи кӯҳсорон сафед гашта буданд, амаки Ҷамол буд. Вай яке аз аввалин шофёрҳои тоҷик буд, ки дар як базаи автомобилии шаҳри Душанбе кор мекард. Бештар аз чил соли умри ӯ дар роҳҳо, дар сафар гузашт. Дар ҳар диёре, гӯшаю канорҳои дур дӯст пайдо кард, дасти дармондагон гирифт. Мадина яке аз онҳост. Агар ҳамин духтараки роҳгумзада он шаби зимистони қаҳратун ба дасти Асрор мехӯрд, чӣ мекард? Боз як ҳикояти фаҳши дигаре...
Аз шаб посе гузашту маърака оҳиста-оҳиста хунук шуд. Одамон паи ҳамдигар чашмони хобгирифтаашонро молида-молида аз меҳмонхона мебаромаданд. Пирамард Абдуҷаббор, акаи Асрор, Шодмону Сангин рӯи ҳавлӣ мегаштанд. Осмон софу беғубор буд. Ситораҳо аз фазои нилранги дур пурнуртар метофтанд. Ҳаво хунук. Шодмон аз хунукӣ дастонашро аз таги костюм ба бағал андохта беист ин сӯ он сӯ мерафт. Акаи Асрор ва пирамард Абдуҷаббор дуртар аз Шодмону Сангин пичир-пичир доштанд. Баъд маслиҳаташон пухт, аз афташ, ки кунҷорафурорӣ сар шуд. Аз мошини Сангин ва акаи Асрор қариб якгонагӣ кунҷора фуроварданд. Акнун навбати бори Шодмон буд.
— Гуфта будӣ? — пурсид Асрор аз Сангин.
— Ҳа.
— Розӣ шуда буд?
— Ҳа.
— Шодмон, ин тараф биё, — шодиомез овоз баровард акаи Асрор ва маҳтал нашуда, худаш пеши вай омад.
— Бори мошинат чӣ қадар?
— Се тонна.
— Мудири анбор чизе нагуфт?
— Ким-чӣ гуфта буд, ишораашро нафаҳмидам.
— Ҳа, ним тонна зиёд бор кард. Кадом рӯз падаратро дида будам, гилаю чингилаи зиёд кард... Ҳеҷ гап не, Шодмон, ба бегонаҳо ёрии ман расидааст, ту

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё