Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Кадом ҳикоя?
— Зани фолбина...
— Ҳа, амаки Асрор, ҳамон воқеаро боз як нақл кунед, чӣ хел шуда буд? — дигарон ҳам аз он қисса огоҳ буданд, ки хоҳиш намуданд.

Акаи Асрор хандида-хандида, ба нақл сар кард.
Ӯ аз назди як қишлоқ мегузаштааст. Дар роҳ занеро мебинад. Занак дар бағал кӯдак доштааст. Ӯ тарафи мошин даст мебардорад. Акаи Асрор зани ҷавони хушсару либосро дида мошинашро нигоҳ медорад.
— Куҷо меравед, ака? — зан дари кабинаро кушода мепурсад.
— Куҷое хоҳед, хоҳар, ман шуморо мебарам, марҳамат, дароед, шинед.

Зан савор мешавад.
— Хайр, хоҳар, гӯед, ки шумо куҷо рафтани будед? — баъди мошин ба роҳ даромадан ба зан рӯй оварда мепурсад акаи Асрор ва назараш ба пешобағали кушодаи ӯ, ки бо тифлаш сина мемаконд, афтода дилгумак мешавад. Зан ба акаи Асрори бедард мегӯяд, ки кӯдакаш бемор аст, се рӯз боз пистон дар дахон нагирифта чиррос мезанад. Назди фолбини янгибозорӣ равон аст. Акаи Асрор аз шунидани рӯзи сахти зан «мутаассир» мегардад, гардан ҷунбонда таассуф мехӯрад. Мегӯяд, ки ӯро ба назди як фолбини худаш медонидагӣ, аз фолбини янгибозорӣ ҳам зӯртар мебарад. Фолбини акаи Асрор медонидагӣ ба ҳамаи дардҳо даво гуфта метавонистааст, овозааш дар олам, ростгӯй будааст.

— Худоё барака ёбед, ака, пеши пойҳоятон мурам, маро пеши ана ҳамин фолбин баред, ба ҳоли кӯдаки ман раҳм кунед, — бо тавалло мегӯяд зан.
— Хуб шудааст, — гуфта акаи Асрор рули мошинро ба тарафи дараи танг мегардонад. Мошин аз роҳу бероҳаҳо меравад, баландию пастиҳо паси сар мешаванд.
— Роҳи қишлоқи фолбин ҳамин хел вайрон аст, ака?

— Ҳа, хоҳар, ба хотири шумо омадам, — мегӯяд акаи Асрор ва мошинро ба дарунтари дараи бекас хай кардан мегирад. Ниҳоят ба ҷое мерасад, ки болои сар офтоби сӯзону атроф ҳама талу теппа, алафу гиёҳҳои хушкида...

пешина
аз 399
навбатӣ