Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Субини суп-сурхе нигоҳ дошт. Ҳар се ба дарвоза наздик омаданд. Акаи Асрор ҳам шуда санги хурдакакеро аз бехи девор бардошта дарвозаро ду-се бор тиқ-тиқ кӯфт.
Марде сулфида-сулфида таги дарвозахона омад. Дарвоза кушода шуд.
— Салом, амаки Абдуҷаббор, — акаи Асрор аз дидани мӯйсафед хурсанд буд. — Хайрият, дар хона будаанд, хайрият! Ба ними рост хеста будаем.
— Асрой? Хуш омадӣ! — Мӯйсафед ҳам аз ӯ кам хурсанд набуд. Онҳо якдигарро оғӯш кашида, гарму ҷӯшон салому алек карданд.
— Инҳо ҳам рафиқони худатанд?
— Ҳа, — сар ҷунбонд Асрор, — худӣ.
Пирамард ба Шодмону Сангин даст дароз карда вохӯрд.
— Хайр аз ин пурсам, ки чӣ бор кардед?
— Кунҷора, амак. Лозим аст? — гуфт акаи Асрор.
— Кунҷора?! — чашмони мӯйсафед гӯё равшан шуданд. — Авлиё ҳам ки гӯямат, бачам, хато намекунам. Ҳозир ҳама дар ғами кунҷора, говҳо ҳам кунҷора хоб мебинанд. Ҳамин рӯз як даҳ кас халтаҳояшон таги каш хона омада рафтанд, кунҷора пурсиданд.
Онҳо мошинҳояшонро дарун ҳай карданд. Ҳавлии пирамард ба назари Шодмон монанди саҳни база васеъ намуд. Дар як тарафи ҳавлӣ зери шипанг шиферу тахтаҳои беҳисоб талчида буданд.
Шаб то нисф меҳмонхонаи сафеду гаҷкории амаки Абдуҷаббор серодам буд. Оташи печ ҳам хомӯш намешуд. Офтобаҳои чӯянии пуроб болои он балақ-балақ меҷӯшиданд, сӯҳбат метасфид. Акаи Асрор ба касе гап намедод, гули сари сабати аҳли давра буд. Аз ҳама боло, рӯи панҷ-шаш қабат кӯрпачаи шоҳӣ нишаста буд.
Як марди қадпасте, ки аз ҳама поён, наздиктари печка ҷои гирифта буд ва гоҳе ба он ҳезум мемонд, ба Шодмону Сангин ишора карда ба акаи Асрор гап андохт.
— Инҳо мегӯм, рафиқони худатанд?
— Ҳа, ҳамқишлоқием.
— Инҳо гурчинчаҳакоят-а, шикорӣ мекунӣ? — хандид ҳамон мард. Дигарон қох-қоҳ заданд. Ӯ боз давом кард: — Ту акаи Асрор, мегӯм, одами аҷоибӣ. Ҳамун ҳикоята як накл намекунӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё