Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Вай мошинашро аз қатор бароварда пеш ҳай кард. Касе барои навбатро вайрон карданаш лом нагуфт.
— Ба акаи Асрор ҳеҷ чиз намегӯянд-а? — гуфт Шодмон ба Сангин.
— Ҳа, мардак обрӯ дорад, дар Тоҷикистон ӯро каси намедонистагӣ нест, дар ҳамин солу замон аз қишлоки мо ҳамин қадар одам баромадааст. Бояд фахр кунем...
Онҳо мошинҳояшонро аз кунҷора пур карда буданд. Акаи Асрор аз Сангин пурсид:
— Пагоҳ ба роҳ мебароем-а?
— Ҳа, ака.
— Қишлоқ ҳай мекунем?
— Будагӣ гап, ризку рӯзии говҳо мешавад.
— Одамгарӣ кард, хеле партофт, — акаи Асрор мудири анборро ситоиш намуд.
— Одами нағз будааст.
— Садо аз ду даст дия.
— Як чиним чи шавад-а... — хандид Сангин.
— Хоҳӣ одам шавӣ, баъзан сарф мекунӣ, — гуфт акаи Асрор.
Пагоҳӣ Шодмон, Сангин ва акаи Асрор дар назди кӯпруки дарёи Кофарниҳон вохӯрданд.
— Шаб чиба мошинатро қишлоқ наовардӣ? — пурсид аз Шодмон акаи Асрор.
— Дар база мондам.
— Ин қорат нағз не, Шодмон, бачаҳо мошинҳоишонро қишлоқ мебаранд, ту аз онҳо ҷудо нашав, аз ту дилмонда мешаванд, — гуфт акаи Асрор.
Онҳо қарибиҳои бегоҳ, вақте ки акнун рӯзи кӯтоҳи тирамоҳ шаб мешуд, ба як деҳа наздик омаданд. Асрор мошини Сангину Шодмонро нигоҳ дошта гуфт, ки шаб ҳамин ҷо мемонанд.
— Хуб шудааст, ака, — Сангин, ки пешакӣ аз нақша огоҳ буд, зуд розигӣ дод ва ба Шодмон гуфт, ки фикри акаи Асрор дуруст. Шодмон ҳам ноилоҷ розӣ шуд.
Аз як кӯча ба дигар кӯчаи тангтари деҳа даромаданд. Боми хонаҳо паст-паст буданд. Ҷанбараи рул миёни панҷаҳои Шодмон меларзид. Ӯ меҳаросид, ки соғуи мошинаш ба нигаси бом ё деворе бармехӯрад. Хайрият, ҳамаи ин кӯчаҳои қаҷмақаҷ равшан буданд. Чароғҳо аз сари ходаҷӯбҳо, миёни ҳавлиҳо нур медоданд. Ниҳоят акаи Асрор мошинашро паси дарвозаи

пешина
аз 399
навбатӣ