Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Хайр ман чӣ кунам? Ягон роҳ нишон диҳед.
— Ман ба ту маслиҳат дода будам, то имрӯз чӣ кардӣ? Ба ҷои бо ӯ наздик шудан хархаша бардоштай. Бо вай дӯсти ҷонӣ шав.
— Наметавонам, вайро бад мебинам.
— Тоқат кун, роҳашро ёб. Пеши пойҳояш афт, ана баъд ту мебарӣ. — Акаи Асрор аз ноуҳдабароии Сангин ба ғазаб омада панҷаҳояшро бо ҳам мефушурд. — Ту ин дафъа вайро ҳамроҳамон гир, Кӯлоб меравем, розӣ кун. Агар гуфти ман шавад, худо дод гуфтан гир. Он тарафаш тани ман, чунон ба ҷел афтонамаш, ки сари зонувенашро занад. — Акаи Асрор ба гуфтаҳояш нуқта гузоштан буд, ки пиёлаи холишудаи чойро аз даст ба болои мизи тунукагӣ сахт зад.

Паси дарвозаи оҳанини завод мошинҳои бисёр қатор буданд. Пагоҳӣ офтоб набаромада навбат сар шуда буд. Навбати акаи Асрор даҳум. Баъди ӯ мошини Сангин, баъд Шодмон... Рӯз андаке хунук шуда, барф меомад. Пағаҳои барф дар ҳаво бод мехӯрданд, болои бомҳои бо шифер ва ё бо сафол пӯшидашудаи хонаҳои паст-пасти назди завод, рӯи роҳ афтода нопадид мегаштанд.

Акаи Асрор пӯстини наппа-нави серпашми сафедашро болои китфонаш партофта аз кабина берун шуд. Дар сараш телпаки пӯсти самурии зарчатоб, дар пой мӯза. Дастпӯшакҳои ҷармини сиёҳашро ба панҷаҳояш кашида буд. Ӯ бо ҳамин карру фар аз назди шофёрҳое, ки ба вай салом медоданд, гузашта пеши дарвоза омад.
— Акаи Асрор, салом, — посбон — ҷавони сурхинарӯй, ки рӯймоли гулдӯзии зардеро аз болои тоқӣ ба гирди сараш баста буд, дарвозаро барои мошине калон кушода ба вай даст дароз кард.

— Навбат истодаем, додар, — гуфт ӯ ва ба кисаи посбон як даҳсӯмии шараққосии нав андохту хам шуда, ба бехи гӯшаш пичиррос зад.
— Ҳа, ҳастанд, бепарво бошед, — ҷавон вазъиятро фаҳмонда гуфт: — мошинро ҳай кунед.

Акаи Асрор бо табъи хуш баргашт. Аз омади кор хурсанд буд, ки бурутҳои то бари рухсораҳо ҳалқа хӯрдаашро миёни ангуштонаш тоб медод. Ҳа, ҳамин одати Асрорро Шодмон кайҳо медонист. Ҳангоми шодию хурсандии ӯ бурутҳояшро бо такаббур миёни ангуштонаш мегирифт.

пешина
аз 399
навбатӣ