Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

аст. Кинае ин мардак ба ӯ дорад, дар дили Сангин садъяки он нест. «Агар заҳрамро ба ин чӯпонбача дурустакак чаконда, бо латтабӯ нобуд накунамаш як дастам берун аз хок» мегӯяд. Лекин нақшаҳои ӯ ким-чӣ хел дуру тӯлонӣ. Мегӯяд, ки Сангин саросема нашавад, ба ҳеҷ ваҷҳ риштаи дӯстӣ бо ӯ наканад. Баъд акаи Асрор Шодмонро ба кадом як дом афтондагӣ будааст. Лекин кай? Бузак намур, баҳор меояд. Тоқати Сангин ток шудааст. Паси дар хеле ларзида истод. Боз суханҳои сахти акаи Асрор ба гӯшаш расиданд. «Сабр кун, ҷояш меояд, аз сабукии ту нақшаҳо вайрон мешавад». Беихтёр ҳалқаи дар аз дасти Сангин раҳо хӯрд.


Акаи Асрор аз ҳамон рӯзи бо Шодмон дар сари роҳи калон пеши одамон «тую ман» карданаш бо вай ҳамгап нашуд. Агар Шодмон сари роҳаш дучор омада, ба ӯ салом медод, бо дили нохоҳам нимғурма ҷавоб мегардонду мерафт. Вай ба касе хусумат пайдо кунад, ғузна дошта бошад, то никорашро нагирад, худро одам ҳисоб намекунад. Вай бо ҳамин хел душманҳояш борҳо ҳисоб ёфтааст. Лекин зуд не. Аз миён моҳҳо, солҳо мегузаранд, рақиби ӯ хаёл мекунад, ки Асрор кору гапҳои байнашон шударо аз хотир баровардааст. Ҳатто ӯ бо баъзеи онҳо «дӯст», «рафиқи наздик» ҳам мешавад. Баъд, чи хеле ки мегӯянд, ба пӯсти дӯсташ коҳ ҷой мекунад. Лангари Шодмонро ҳам ӯ алҳол дароз гузаштааст. Сари роҳи ин тирмизак дом партофтааст, чӯқон ӯро ба он афканад, ки бехабар мемонад. Ӯ ин корро ба воситаи Сангин ба ҷо оварданист. Лекин ин аҳмақ хеле суст, гоҷ, ба ишқу ошиқии худаш саргардон.

Акаи Асрор дина, ҳангоме ки дар чойхонаи база танҳо монда буданд, ба Сангин аз дур гап андохт.

— Корҳоят чӣ хел?

— Кадом корҳо, ака?

— Аз хотир баровардӣ?

— Шодмонро мегӯед?

— Ҳа, имрӯз-пагоҳ тӯй накунанд, мегӯям.

— Тӯй? — ба дили Сангин оташ афтод. — Ман вайро дӯст медорам.

— Ту дӯст медорию ӯ мегирад.

пешина
аз 399
навбатӣ