Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

аз паси ӯ кашолааст. «Шодмон, ту аз ман наранҷида бошӣ» Айби ман шуд, ба дил нагир, байни акаю додарҳо ҳам гап мегузарад» гуфтааст боз...

— Шодмон, медонӣ, имрӯз ман чӣ гирифтам? — Мадина беихтиёр ба шавқ омад. — Гап занам? — Бо карашмае, ки хоси ӯ буд, гӯшаки телефонро сахт ба ҷояш монд ва ҳам шуда, аз ғалладони мизаш коғазпечи калонеро берун овард. — Марҳамат кушо. — Шодмон коғазпефро бо эҳтиёт кушод.

— Оҳо, ба ту мезебад, муносиб, — Шодмон куртаи атласи хушранги зебоеро аз коғаз бароварда, ба дасти Мадина дод.

— Аз ту ба ман савғоа? — духтарак чашмак зада, куртаро бо қадаш чен кард. — Мезебад, хушрӯ мешавам?

— Ба ту ҳама чиз мезебад. Ин қадар хушрӯй ту.

— Ман хушрӯ? Рост мегӯӣ? Хушомад мезанӣа?

— Аз хушрӯйҳо ҳам ту хушрӯйтарӣ.

— Оҳ-оҳ! Аз афташ, худо ба ту забон додааст.

Суроби Сангин аз паси тиреза ғоиб шуд. Лаҳзаҳое, ки Шодмону Мадина пеши назари ӯ даруни хонача буданд, барои вай лаҳзаҳои муқаррарӣ набуданд, хаёлаш, ки даруни хона маҳбубаи ширинашро бо марди номаҳраме мебинад. Маҳбубааш ба вай хиёнат мекунад. Оҳ ин чӣ рӯзи сахте. «Не, Мадина маҳбубаи вай не!» Боз аз ақидааш гашт, Мадинаро дӯст доштааст ӯ. Умеду орзуҳои вай аст ин духтар! Ишқаш бо Мадина афсона шудааст. Як шофёр имрӯз вайро насиҳат карда гуфт: беҳуда аз паси духтаре, ки вайро намеписандад, надавад, қадру қимати худро бидонад.

Баъзан чунин панду насиҳатҳо дили Сангинро хунук мекунанд. «Хайр, чӣ! Сарам бошад, тоқи бисёр», худро тасаллӣ медиҳад. Лекин чун дар хона танҳо монда, ин духтарро ба хотир меорад, намешавад, ки намешавад. Қаду қомати базебаш, хиромон аз саҳни база ин сӯ он сӯ гаштанҳояш ва табассумҳои ширини ӯ пеши рӯяш меоянд. Ба дилаш аз нав оташ меафтад. Фикр мекунад, ки ин духтар кайҳо азони ӯ, ҳамболинаш мешуд, лекин...

Сангин аз паси тиреза ҷониби дар тоб хӯрд. Чӣ кор кунад ӯ? Дарояду пеши Мадина аз гиребони Шодмон гираду то аз дасташ омадан занад. Не, бо ин кор ҳам дилаш равшан намешавад. Нақшаи акаи Асрор дигар

пешина
аз 399
навбатӣ