Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Шодмон, модараш аз хоб хеста буданд Мадина назди онҳо монду Шодмон ба хонаи худаш рафт. Аз миён соатҳо гузаштанд. Дар хонаи шафат, ки онро девор аз ҳам ҷудо мекард, модару хоҳаракони Шодмон кайҳо хоб рафта буданд. Дигар гуфтугӯи занҳо ба гӯш намеомад. Мадина ҳам, аз афташ, хобида буд, аммо Шодмонро хоб намебурд. «Ана чӣ кард ӯ? Духтаракеро, ки дӯсташ медорад, хонаашон овард. Нағз, Мадина ҳамболини вай мешавад...»

Рӯи ҳавлӣ баромад. То таги зардолу қадам монд. Осмон, ситораҳо зебо метофтанд. Тарафи дарвоза гашт, миёни ҳавлӣ истод. Мадина дар хонаи онҳост. Аҷаб не, ҳоло хобидааст. Саҳар ҳавлӣ, боғу майдони онҳоро тамошо мекунад, лаби хона он шаршараи таги биҳӣ рафта, болои тахтасанг нишаста дасту рӯй мешӯяд, рухсораҳояш аз оби сард гулобӣ мегарданд...

Пагоҳӣ, вақте ки деҳа ғарқи нурҳои офтоб гашта буд, ӯ бо Мадина аз дарвоза берун шуд.

— Ту акнун аз хонаи мо меравӣ? — ва ба рӯи Мадина дида дӯхт.

— Ҳа, чӣ мекардам!
— Нарав...

— Боз дилат чӣ меҷӯяд? — лабони зебои духтар ба табассум моил шуданд. Онҳо ҳамроҳ кор мерафтанд.


Шодмон аз сафар баргашта мошинашро гузошт. Мадинаро диданӣ буд. Идорачаи хурдакаки ӯ ба на-зари Шодмон тозаю озода намуд. Аз он бӯи хушу гуво-ро меомад. Ҳама чиз ҷобаҷо. Дар тарафи рости дар либосовезак. Палтои сурхчатоб ва рӯймолчаи симдори Мадина ба он овезон буданд. Дар паҳлуи либосовезак чевони хурдакаки ҷиғариранг. Дар чевон китобҳо, онҳо батартиб чида шудаанд. Назди тиреза мизи дарозрӯяе буд, мизи кории Мадина. Болои остонаи тиреза тубак-чаҳои гулҳои ҳархела қатор меистоданд. Мадина аз паси миз қоматашро якнима ҳам карда гӯшаки теле-фонро бардошт. Аммо онро миёни ангуштони дароз-да-рози базебаш бозӣ медоронду бозӣ медоронд... Хаёлаш ба Сангин рафт. Ӯ дуртар аз тиреза меистод. Хуб ода-ми бенангу номус! Гӯё ҳамон шаби киноравиашон бай-ни вай ва Шодмон гапу ҳарфе нагузашта буд, ки боз

пешина
аз 399
навбатӣ