Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
оби он печутоб хӯрда дар шабӣ шав-шув садо медод, рӯй овард ӯ. — Мешунавӣ ту маро? Мадинаи ман гоҳе соҳили ту меояд, аз санг ба сангат меҷаҳад. Қанорат менишинад, панҷаҳақояш бар оби сардат мезанад, рӯй мешӯяд, зулфонаш тар мешаванд, ту ӯро нағз пазирои кун... Ситораҳо, ҳой моҳи мунир! — рӯ ба осмон оварда буд Шодмон, — ба шумо ҳам гап дорам. Ин духтаракро шабҳангом акнун дар ҳавлии мо меёбед, ӯ шуморо аз ҳамин ҷо тамошо хоҳад кард, чашмони зебои вай аз ҳавлии мо ба тарафатон дӯхта мегардад. Ман овардам ӯро, доимӣ, ҳамроҳам ба хонаи мо равон аст, пеш-пеши ман аст ӯ. Аз болои сабзаҳо қадам мемонад Мадина, сабзаҳои деҳаам пойандози ваянд.»
Садои оби шаршара баланд буд, булбуле чаҳ-чаҳ дошт. Як парранда аз шохи кадом дарахте қий-чу, қий-чу мегуфт. Ин садоҳо оҳангҳои деҳа буданд, ки бо ҳам ҷӯр мешуданд дар шабӣ. Баргҳои ар-арҳои сарбафалак, ки Мадинаю Шодмон аз зери онҳо мерафтанд, аз боди сабук ба ҳам мехӯрданд, шибир-шибир мекарданд, гӯё ба ҳам мегуфтанд: ба деҳа келин меояд, марҳабо, марҳабо.
— Гап намезанӣ, Шодмон, ба фикр рафтӣ? — овози Мадина Шодмонро аз олами орзуҳо ба худ овард.
— Ҳа, Мадина, хаёлам ба куҷоҳо рафт, — ангуштони Мадинаро миёни кафаш гирифт Шодмон.
— Хаёлӣ шуда мондӣ?
— Ростӣ, ки бо ту кас хаёлӣ мешудааст.
— Дар чӣ хаёл будӣ?
— Дар хаёли ту.
— Дурӯғ нагӯ, ман охир, ҳамроҳи ту...
— Қош доимо, ҳамроҳ мебудем.
— Ин гапҳоро мону гӯй, ки ба хонаатон наздик омадем?
— Қариб расидем, аз пеши ин бинои мактаб, баъд ҳо аз он клуб гузарем, тарафи дасти рост мегардем, баландӣ мебароем.
— Нағз нашуд. Чӣ хел ман хонаи шумо меравам, бо кадом рӯ? Падарат ҳам дар хонаанд?
— Не, он кас дар сари гӯсфанд.
— Поям пеш намеравад. Бовар кун, наметавонам! — Мадина пеши санги калоне истод.
— Роҳ гард, Мадина, расидем...
Ба ҳавлӣ қадам монданд онҳо. Хоҳару додаракони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё