Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

— Танҳо як ман мефаҳмам, мегӯӣ?
— Ҳа.
— Ман орзуҳоямро аз ту пинҳон медорам, — аз карашмаи зебояш лабони Мадина ба тарзи аҷибе гул карданд.
— Чаро? — Ба сари Шодмон хаёлҳои нохуш омаданд. Сангин ба ёдаш расид...
— Ҳа орзуҳоямро ба ҳама гӯям ҳам, ба ту намегӯям, — чашму лабҳои духтар аз табассум зеботар гашта буданд.
— Ихтиёрат, Мадина... Шояд ба ман боварӣ надорӣ. Биё, нағзаш, ба ҳамин боғ медароем, ана он ҷо теппаҳо, — Шодмон панҷаи духтарро миёни кафҳояш гирифта, ба себзорон назар андохт: — Тамоми шаб дар он ҷойҳо мегардем, кӯҳҳо аз он ҷо хубтар намоёнанд, ситораҳоро ҳисоб мекунем баъд офтоб мебарояд, нурҳои офтоб...
— Ана ин орзу, орзуи ширин! Боз чӣ мехоҳӣ?
— Хайр куҷо равем?
— Фаромӯш кардӣ, ба хонаатон таклиф карда будӣ. Ё метарсӣ, ки падару модарат мегӯянд: дар шабӣ духтари бегонаро чиба хона овардӣ? Ба сарат ҷанҷол меояд?
— Кошкӣ ту хонаи мо равӣ... Хонаи мо равшан мешавад.
— Шӯхӣ накун, ман хушрӯ нестам, ки хонаи шумо равшан шавад...
— Ту хушрӯӣ, ту зебоӣ...
Мошини рӯйпӯшидаи калоне дуртар аз онҳо гузашта истод.
— Шодмон?! — Шофёр аз кабинаи мошинаш баромад. — Барам? Қишлоқ меравӣ?
Шофёр ҳамдеҳаи Шодмон буд. Ӯ онҳоро то наздикиҳои хонаи худаш, поёни деҳа оварду тарафи ҳавлиаш гашт.
Мадинаю Шодмон аз кӯчаҳои качу кидеб пиёда мерафтанд. Моҳтоб, ки тарафи теппаҳои канори ғарби деҳа хамида буд, кӯчаҳоро равшанӣ медод. Шодмон ғарқи хаёлҳои ширин буд. Бо ҷӯю ҷӯйчаҳо, боғу майдонҳо, дарахтон — хулоса ба кулли мавҷудоти деҳа хаёлан гап мезад: «Мадинаи ман ҳам инҷоӣ хоҳад шуд. Аз роҳу роҳравҳои ту, эй деҳаам, мегузарад ӯ, бисёр мегузарад, ҳар рӯз... Насими ҷонбахшатро ба вай ҳадя кун. Ҳой, сангоб, ҳой сангоб! — ба сангоб, ки

пешина
аз 399
навбатӣ