Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Сангин ранчид, айби ту шуд, — вақте мошини ӯ дур рафт, гила кард Мадина.
— Ягон гапи дигар гӯй, Мадина, — гуфт Шодмон.
Моҳи пурра миёни осмон меомад. Гӯё он киштие буд, ки дар баҳри нуқратоби осмон шино дошт. Ситораҳо атрофи он мавҷ мезаданд, борӣ киштӣ гӯё ситораҳо буд, моҳ онҳоро ба манзил мебурд. Дили кас аз тамошои осмони софу моҳи мунир, ситораҳо кушода мегашт. Шодмону Мадина паҳлуй ҳам рӯ ба моҳи пури нур мерафтанд, боди салқини шабонгаҳ сару рӯи онҳоро бӯсида мегузашт, онҳо роҳ мерафтанд.
Ба истгоҳи автобусҳо расиданд. Истгоҳе, ки борӣ аввал Шодмону Сангин ба Мадина бо ҳам вохӯрда буданд.
— Куҷо меравем, Шодмон? Дар ин ғояти шаб...
— Хонаи мо меравем.
— Хонаи шумо? Яке фикрҳое мекунӣ, ки Шодмон...
— Хайр куҷо равем? Хонаи шумо рафта намешавад. Мошин нест. Агар мошин ёбем ҳам дар хонаатон чӣ мегӯянд? Нағз намешавад.
— Рост мегӯӣ, Шодмон, нағз намешавад, ман чӣ кор мекунам?
— Хонаи мо меравем, такрор кард Шодмон.
— Э не-е, хап ист.
— Хайр, шабро дар ҳамин роҳ, дар дашту саҳро, — Шодмон ба дуродур рӯй овард, — саҳар мекунем. Ин ҳам як романтика. Як шабро дуи мо танҳо ба танҳо, бо бедорӣ гузаронем, бисёр ширин аст.
— Ман дар чӣ хаёлу ту чӣ мегӯӣ. Чаро ин тавр шуд? Ҳамааш айби худам кино рафтан лозим набуд... — Мадина худро сарзаниш мекард.
Онҳо аз таги дарахтони канори роҳ мегузаштанд, паҳлуй ҳам мерафтанд. Қади Мадина аз қади Шодмон пасттар менамуд.
— Мадина, ту дар дил чӣ орзу дорӣ?
— Орзу? Кӣ дар дунё беорзу мезиҳад?
— Рост мегӯӣ, Мадина. Биё, аз олами орзуҳо гап занем.
— Хайр, канӣ худат гӯй. Чӣ орзу дорӣ?
— Аввал ту гӯй, Мадина, орзуи духтарон ширин аст. Шарм надор, гап зан, дар ин шабӣ ғайри ман кӣ мефаҳмад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё