Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

ханДаи ӯ бори нахуст буд, ки ин қадар ба дили Сангин сахт расид.

— Сими асосии ҷараёнро аз бабин ҷудо кардам, — давом намуд Шодмон. — Худо дод: сим тар буд. Бо латта онро пок кардам. Баъд ба ҷояш мондаму ба мӯйсафед гуфтам: марҳамат, ба мошин даромада калидро тобед. Мӯйсафед нобоварона ба паси рул нишаста калидро тофт. Мотор ба кор даромад. Ҳама чапак зад. «Профессор ин ҷо будаасту мо бехабар» гуфтанд.

— Номи нав муборак!

— Ташаккур... Ана ҳамин тавр профессор баъд ба тарафи мошинаш рафт.

— Албатта бо кибру ғурур... Чаро инашро намегӯӣ?

— Ҳа, ҳамин тавр, Мадина.

Аз ин сӯҳбати Мадинаю Шодмон табъи Сангин хиратар гашта буд. «Инҳо хуб ҷои хандаю бозиашонро ёфтаанд. Вай кару гунг шуда мошин ҳай мекунад. Не, одами бонангу номус ба ин тоб намеорад». Ҳай кардани мошин аз хаёли Сангин рафта буд, ки гашти он сусттар мешуд. Қиқирроси хандаи Мадина баланд гашт. «Ту чӣ хел одам, Шодмон, накун, дастам шикаст, ой, ой, оча!» Дигар тобу тавони Сангин намонд, пайкарашро ларза гирифт. «Дар пеши мард ин тавр намекунанд. Боз ба духтаре, ки Сангин вайро дӯст медорад, ҳазор орзую умед дорад...»

Мошинро нигоҳ дошта аз гиребони Шодмон гирифтанӣ шуд. Ба ақиб нигарист. Ваҷоҳати ӯ чӣ ранге гирифта буд? Дар паси пардаи торикӣ дида намешуд. Фақат берабт, ҳаш-паш нафас гирифтанҳои ӯ ба гӯш мерасид. Сангин намедонад, чанд лаҳза дар ин ҳол буд. Мошинашро боз ба роҳ даровард ва баъд роҳи база намоён шуд. Пой ба тормоз бурда, бо тамоми қувва онро пахш кард. Мошин чун қуттии гӯгирд чанд бор ба пеш хаму рост шуд, қариб буд, ки чаппа шавад.

— Шодмон, фуро аз мошин! — дастонаш болои ҷанбари рул ба ақиб рӯй гардонд ӯ.

Шодмон дари мошинро кушод. Мадина намедонист, ки чӣ ҳодисае рӯй додааст.

— Мадина, ту нафуро, як база рафта мошинамро хабар мегирам, баъд туро мебарам, нафуро! — амр кард Сангин. Лекин Мадина ба қароре наомада буд: фурояд ё бинистад?

Мадина аз мошин берун шуд.

пешина
аз 399
навбатӣ