Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ҳозир ҳамин лаҳзаҳо не, пагоҳ ҳам аст, вомехӯранд боз.
Қино тамом шуд. Онҳо паси ҳам хомӯш пеши мошин омаданд. Сангин мотори «Москвич»-ро ба кор андохта аввал дари тарафи худашро барои Мадина кушод. Вале Шодмон, гӯё бо соҳиби мошин гапаш ду нашуда бошад кайҳо ба қафо гузашта, ба Мадина фармон медод: ба паҳлуи ӯ гузарад. Мадина чанд лаҳзае ҳайрон монда, баъд даст ба тарафи дари Шодмон бурд. Сангин ноумед дари бозмондаашро пӯшид. Бори гароне ба дӯш, аз кӯчаҳои сокиту ороми шаҳр мошин меронд.
«Айби худаш. Кӣ гуфт, ки ин нарғӯлро ҳамроҳ гирад?
Ҳеҷ як аҳмақи дунё ин тавр намекунад...» Ӯ аз ғазаб дам ба дам сарашро аз тиреза берун бароварда, ба ҳамин минвол сӯзи дилашро паст мекард. Аммо овози Шодмон, бо Мадина гап задану хандиданаш гӯё вайро ба дами марг наздик мебурд.
— Мадина, ба ту як ҳикоя гӯям? — гуфт ӯ.
— Чӣ хел ҳикоя?
— Ҳикоя ҳам не, як воқеа, ҳамин рӯз аз сар гузарондам.
— Хайр шунавем.
— Аз Ёвон мегаштам. Ағбаро хамидам, ки мошинҳои бисёр дар канори роҳ. Чӣ гап шуда бошад гӯям, тинчӣ, мошини як мӯйсафед вайрон шуда будааст.
— Куҷояш?
— Мотор аз кор мондааст. Чунон мағале буд болои мошин... Шофёрҳои бисёр ҷамъ шуда буданд. «Ин хел кун, ман зомин дармегирад, он хел кун...» гуфта ба якдигар навбат намедоданд. Пеши мошин гузашта бо калиди калон тоб доданд, ягон сими трамблёр намонда кушоданд, қисмҳои бензингузар тагу рӯ шуд. Тела доданд, бо як мошин кашиданд, нашуд, ки нашуд.
— Хайр баъд чӣ? Илтимос воҳима накарда гап зан.
— Ҳа, воҳима не, худам соз кардам.
— Ҳаминро гӯю мон.
— Пеши шофёр омадаму пурсидам: «Дар ҳамин наздикиҳо ба мошин об андохта будед, амак?» «Ҳа, моторро ҳам камтар шушта будам» гуфт ба ман эътибор надода. «Истед, амак», гуфтам ба мӯйсафед, ки ҳанӯз болои мотор ҳам шуда фикр мекард.
— Ба соз шудани мошин боварӣ доштӣ? — аз таги рӯи Шодмон карашмае карда хандид Мадина. Садои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё