Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Сангин, мард дар ин масъалаҳо ин тавр гап намезанад.
— Чаро?
— Масъалаи зан кори худи ҳар мард аст, ӯ бояд дар ин бобат ба касе маслиҳат наандозад, мардҳо барои зан кори медонистагии худашонро мекунанд. Зорию илтиҷо накун, айб аст!
— Шодмон, ман аз тарс пеши ту зорӣ намекунам, пушаймон мешавӣ, нағз намешавад. — Дили Сангин ба шӯр омад.
— Ана ин гапи дигар. Мардона гап зан. Аз паи занҳо афтодан кори мардҳои асил аст. Худи занҳо ҳам одамони миҷингро дӯст намедоранд.
— Аз худ нарав, Шодмон! Ҳар гапе акаи Асрор дар ҳаққи ту мегӯяд, рост аст. Ба ту некию нағзӣ кардан ҳайф аст.
— Тамом? Боз чӣ гуфтан мехоҳӣ? — Ин суханҳо ба гӯши Сангин даҳшаттовар расиданд.
— Ҷои гап боз меояд, Шодмон, аз худат гиламанд шав, як бор бо хубӣ аз наздат гузаштам, — Сангин аз паси Шодмон қадам ниҳод. Пайкари ӯ аз ғазаб меларзид.
Дар толори кино ҳам таъби Сангин хира гашт. Дертар, ки расида буданд, ҷойҳояшонро ёфта натавонистанд. Ҳамаи курсиҳо банд. Дар қатори шонздаҳум ду ҷо ва хеле дур аз он як ҷои дигар холӣ буд. Шодмону Мадина паҳлуи ҳам нишастанд. Сангин ноилоҷ пеш рафт. Ӯ дар давоми соатҳои ба назар тӯлонӣ ягон лаҳзаи киноро гӯё намедид. Чӣ аҳмақӣ? Вай барои ҳамин ду рӯз заҳмат кашид, ки Шодмону Мадинаро кино оварда тамошо диҳад? Ҳоло боз нигарон аст, ки кай кино тамом шаваду бо мошин онҳоро ба хонаҳошон барад?
Шодмон ҳам омада боз ба мошини ӯ мешинанд? Ба ин ҳол ӯ тоқат мекунад? Ё хезаду баромада равад?
Мадина чӣ мегӯяд? Охир вай ӯро ба кино овард. Ҳамаи ин рӯзҳои вай аз туфайли Мадина аст. Боандеша аст ӯ. Ҳозир ҳам ба Шодмону Сангин гуфт, ки онҳо якҷоя нишинанд. Вале бачаи чӯпон нагузошт. Вай бо чашмонаш дид, ки аз лаби куртаи Мадина дошта тарафаш кашид. «Шин», гуфт фармономез. Ҳоло гап ба дахони вай. Рӯзе меояд, ки аз ин одам ҳамаи аламҳояшро меситонаду об ба лаби ҷӯй баробар мешавад... Лекин барои як кайк алҳол пӯстинро оташ задан нашояд.
Мадинаро партофта намеравад, охир дунё як ҳамин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё