Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Сангинро Шодмон медонист, саховатманд нест, бе ягон ният тинашро сарф намекунад.
Мадина дилгир шуда аз таом даст кашид.
— Ҳоло вақт ҳаст, — гуфт Сангин ва пас аз қадаҳи охирро холии кардан ба соат нигарист. — Мадина, ту маро бубахш, як лаҳза ман ба Шодмон гап дорам. Гапи байни худамон.

Шодмон аз паси Сангин аз ресторан берун рафт. Онҳо ба оғӯши дарахтон даромаданд. Атроф ба назар торик менамуд.
— Хайр, Сангин, ҳамин ҷо мувофиқ будагист, — Шодмон пушт ба як дарахт дода, остинҳои куртаашро ноаён барзад.

— Шодмон, ман ба ту кайҳо боз як чӣ гуфтанӣ будам, — Сангин изтиробу ҳаяҷонашро ниҳон дошта наметавонист, овози ӯ меларзид.
— Медонам, Сангин, мақсадатро медонам, — суханашро такрор кард Шодмон ва ӯ боз гуфтанӣ буд: барои духтар, барои духтаре, ки алҳол дар ресторан нишастааст.

— Донӣ нағз... Ман аз ту ин хел умед надоштам.
— Маро барои насиҳатгӯӣ ин ҷо ҷеғ задӣ?
— Ҳа, Шодмон, ту охир медонӣ, ки ба ҳамин база аз ту пештар омадам. Мадинаро ман пештар медонистам, аҳду паймон карда будем, ҳамхона шудани будем. Вале ту омадию ба вай часпидӣ. Дар ин масъалаҳо одам ҳеҷ касро, ҳатто бародарашро намебахшад...

Баъд ҳар ду хомӯш гаштанд. Шоҳаҳои дарахтон аз боди сабук ба ҳам мехӯрданд, шибир-шибири баргҳо гӯё гуфтугӯи ин ду ҷавонро ба гӯши якдигар мебурданд.
— Ман Мадинаро дӯст медорам, бе вай зиндагӣ карда наметавонам, ту, Шодмон, ба ин духтар дигар кордор нашав, — ниҳоят овоз баровард Сангин.

Шодмон сухане намегуфт. Сукути ӯро Сангин аломати некӣ пиндошт. Ботинан шод шуд, ки кор бо ҳамин гуфтугӯи ошкоро ҳал мешавад, ҳарчанд ин гуфтугӯ барои ӯ осон набуд. Як ҳикмати хуби халқ ба хотираш омад: Ё ба зӯрӣ, ё ба зорӣ, ё ба зар. Зӯрӣ оқибати нек надорад, зар нест, корҳои вай вақтҳои охир ба зорӣ нек мешаванд.
— Шодмон, биё ба роҳи бад наравем, ман зорӣ дорам пеши ту, зӯрӣ не, — гуфт ӯ.

пешина
аз 399
навбатӣ