Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
нур мерехт. Чароғҳо чун ситораҳо мавҷ мезаданд. Ягон-ягон даста-даста. Гулдастаҳо барин буданд баъзе чароғҳо. Ҳазор ранг мезаданд, монанди тиру камон. Сангину ҳамроҳонаш хомӯш мерафтанд. Дар пеш, дар миёни дарахтони сарсабзи баланд ресторани «Фароғат» намудор буд, ки тӯппии базеби сергулро мемонд. Ҳангоми ба ин бино наздик омадан Сангин гуфт:
— Шодмон, хӯрок хӯрем-чӣ, то сар шудани кино хеле вақт ҳаст. — Пас ба духтар рӯй овард. — Чӣ гуфтӣ, Мадина? — Сангин аз Мадина, ки аз паҳлуяш ба кадом як нуқтаи дур назар андохта роҳ мерафт, пурсид.
— Майлаш, агар зиёфат аз ҳисоби Шодмон шавад, — хандида гуфт ӯ.
— Не, зиёфат аз ҳисоби ман. Ман ба ресторан таклиф кардам, — гуфт Сангин.
Зинаҳои мармарин одамонро ба ошёнаи дуюм мебурд. Сангин пеш даромад. Сари мизи хӯрокхӯрӣ ҳам ихтиёрдори ҳамроҳонаш шуд. Анвои хӯрдани ва нӯшиданӣ фармуд.
— Як шиша коньяк, аз ҳамон аълотаринаш, — ба пешхизмат, ки духтараки мӯйсиёҳаки ситорагарме буд, алоҳида гап зад ӯ.
Вақте духтарак хиромон аз назди онҳо мерафт, Мадина ба Сангин гуфт:
— Коньяк фармудӣ?
— Ҳа.
— Кӣ менӯшад?
— Ман менӯшам, баъд ана ин мулло ҳаст, — Шодмонро дар назар дошт ӯ.
«Ба таънаю пичинг доромад-ку, давомаш чӣ мешуда бошад?» — Шодмон нигоҳашро ба шифти пургули бино бардошта, паси гарданашро хорид.
— Мошин дорӣ-ку, Сангин, менӯшӣ? — ба ташвиш афтод Мадина.
— Аз саду нимсад чашми чапи мард намепарад. Чӣ гуфтӣ, Шодмон?
— Рост, лозим бошад, менӯшем, — гуфт Шодмон.
Сангину Шодмон ба якдигар ҳарфе нагуфта қадаҳҳои пурро паҳн ҳам холӣ мекарданд. Гӯё ҳар ду ҳам дар дил гапҳое доштанд, ки баъди ҳамин нӯшиданҳо бояд ба забон меоварданд. Охир одамӣ рамузфаҳм аст. Аз як ишора мақсаду маромҳо равшан мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё