Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

сар намедиҳад, ширеш барин ба вай часпидааст. Не, акнун вақте расидааст, ки Сангин ҳам гӯяд: «Ман ҳастам!» Мадинаро ӯ аз даст намедиҳад, танобашро оҳиста-оҳиста мекашад. Чанд рӯз Сангин дар ҳамин хаёл буд. Вале Шодмон аз дили вай огоҳ набуд.

Сангин ба оиначаи мошин нигоҳ карда гиребони пиҷакашро дуруст кард, мӯйсарашро шона зад, хоки поҷаҳои шимашро афшонд ва «рафтем ба шикор» гӯён зери лаб ғуррид. Рост ба идораи Мадина — идораи котиби комсомол ворид шуд. Мадинаро танҳо ёфт. Паси миз нишаста як даста коғазҳоро ба тартиб меовард.
Мӯйҳои кӯтоҳ буридаи Мадина баёзи гарданашро пӯшонида буданд. Гардани сафеди дилҷӯи духтар гӯё бо мӯйҳои сиёҳаш ҷанг мекард. Гардан мегуфт: «ман зебо», мӯйҳои маҳин мегуфтанд, ки «не, ман».

— Салом, Мадина, — Сангин маънидорона табассум кард.

— Ҳа, ин туӣ? Куҷо будӣ? — Мадина варақҳоро ба ғалладони миз ҷой карда, нигарони ҷавоб шуд.

— Ба сафар рафта будам.

— Куҷо?

— Роғун.

— Аз бачаҳои база ҳамроҳат кӣ буд?

— Ҳабиб.

— Вай ҳам омад?

— Ҳа... Имрӯз ба як филми нағз билет ёфтам.

— Ба ҳамон филми нави эронӣ?

— Ҳа, «Як шаби дароз».

— Ман рафтанӣ будаму хона бехабар. Дина ҳам
мехостам ҳамин филмро бинам, билет ёфт нашуд.

— Мошин ҳаст, хонаатон бурда мемонам.

Шодмон дари кабинети Мадинаро кушод.

— Хуб, меравем, Шодмон ҳам меравад.

— Куҷо? — пурсид Шодмон.

— Ба филми нави эронӣ. Номаш чӣ буд?

Сангин бо дили нохоҳам аз нав номи филмро ба забон овард. Сангин ноилоҷ билетҳои кисаашро болои миз монд ва сухане нагуфт.

Онҳо ба роҳ даромаданд. Ҳангоме ки торикӣ болои Душанберо мегирифт, ба кинотеатри Ҷомӣ расиданд, тамошобинон бисёр буданд, онҳо билет меҷустанд.
Сангин мошинашро қатори мошинҳо монда ба Мадинаю Шодмон гуфт, ки боғи шаҳрро як давр зананд. Боғ дар шаб хеле зебо метофт. Аз байни шохи ҳар дарахт чароғе

пешина
аз 399
навбатӣ