Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Ё шуморо ба манзилатон расонам, куҷо барам?
— Намедонам, амакҷон, — овози духтар пуралам, ларзон баромад, ашк дар чашмонаш ҳалқа зад. Вай дигар ҳарфе ба забон наовард.
Шофёр мошинро тарафи роҳи хонааш гардонд.
— Ана ҳамон духтар, ман будам, — нигоҳашро аз чордевораҳои ҳавлиашон канда гуфт Мадина.
— Шофёр амаки Ҷамол? — мардеро, ки гоҳ-гоҳ ба базаи онҳо омада Мадинаро мепурсид, дар назар дошт Шодмон.
— Ҳа, ҳамин амаки Ҷамол маро ба қатори фарзандҳояшон гирифт. Ман як умр аз вай миннатдор. Ман аз рӯи меҳре, ки ба ӯ дорам, шофёр шудам, — гуфт Мадина.
— Бародаратон ҳозир ҳам дар ҳамин ҷо? — боз ба деҳа дида дӯхт Шодмон.
— Не, ба ким-кадом шаҳри дур рафтааст, ман дигар вайро надидам, — пичиррос зад Мадина.
— Ин ҷо ягон хешу табор доред? — пурсид Шодмон.
— Не, баъди ҳамон рӯз дигар ман ба деҳа наомадаам. Бо баъзе ҳамсинфҳо, ҳамқишлоқиҳо гоҳе вомехӯрам... Ҳоло қабри модарамро зиёрат карданиам, — гуфт Мадина ва нигоҳаш тарафи гӯристон лағжид, ки он дар теппаи болои боғҳо воқеъ буд.
Ҳар ду болои санге нишаста буданд. Ба назарашон замину замон хомӯш буд. Фақат садои шилдироси оби ҷӯй ба гӯш меомад, шав-шувкунон аз наздашон ҷорӣ буд, об чун умри одамӣ бо як маром мерафт...
Хотири Сангин то рафт осуда мешуд, Шодмон аз раъяш гашт, ӯро беобрӯ накард. Хайрият... Дилаш мадор гирифт. Аз худ қаноатманд буд, ки аз рӯи насиҳати падар амал кард, бо муросо дили Шодмонро ёфт. Ҳама корҳо нағз, вале як тарафи дилаш реш. Бо умеди нағз шудани корҳояш аз баҳри Мадина қариб баромад, ресмони ӯро озод партофт. Ба қитики Шодмон нарасам гуфта аз Мадина дурӣ гирифт. Духтарак аз ихтиёраш рафтааст. Ин чӯпонбача домони Мадинаро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё